МУВАФФАҚИЯТСокинони деҳаи Ускроғ (Вскроғ) барои фарзандонашон майдон бунёд карданд

Сокинони деҳаи Ускроғ (Вскроғ) барои фарзандонашон майдон бунёд карданд

-

Истиқболи раиси ноҳияи Ванҷ дар назди даромадгоҳи майдон аз ҷониби хонандагони мактаб

Мактаби №19-и деҳаи Ускроғи (Вскроғи) ноҳияи Ванҷ соҳиби майдон шуд. Майдон бо тӯли 42 ва паҳнои 22 метр бунёд гардидааст.
Майдони қаблии мактаб ноҳамвор буд ва зимни бозиҳои футболу волейбол туб ба ҷарӣ ва ҳатто ба дарё мерафт. Замини майдони нав ҳамвор, атрофаш маҳкам ва чароғҳои равшандиҳанда дар он насб шудаанд. Дар вақти дарс хонандагон аз ин майдон истифода мекунанд ва баъд аз дарс барои ҳамаи ҷавонони деҳа макони тамрин хоҳад буд.
Дар арафаи ҷашни Истиқлол, имрӯз, 6 сентябр бо иштироки раиси ноҳияи Ванҷ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон майдон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Барои бунёди майдон муҳоҷирон, соҳибкорон ва дигар ашхоси хайрхоҳи деҳа маблағ ҷамъоварӣ кардаанд. Корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони деҳа анҷом шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад