ОЛАМИ МАҶОЗӢЧин корбарони интернетро муваззаф кард то муҳтавои бо зеҳни...

Чин корбарони интернетро муваззаф кард то муҳтавои бо зеҳни сунъӣ тавлидшударо нишон диҳанд

-

The Decoder хабар медиҳад, ки бузургтарин шабакаи иҷтимоии Чин — WeChat қоидаҳои нав ҷорӣ мекунад, ки мувофиқи онҳо корбарон бояд ҳама гуна муҳтавои бо истифода аз зеҳни сунъӣ тавлидшударо, аз ҷумла видеоро нишон диҳанд. Ин чораҳо ба баланд бардоштани шаффофияти иттилоот равона шудаанд.

Мувофиқи дастуроти нав, ҳангоми интишори мавод дар ҳисобҳои оммавии WeChat, корбарон бояд равшан нишон диҳанд, агар видео, тасвир ё матн тавассути зеҳни сунъӣ сохта шуда бошад. Илова бар ин, онҳо бояд яке аз категорияҳои пешниҳодшударо интихоб кунанд: расмӣ, хабарҳо, фароғатӣ, мавқеи шахсӣ.

Ин тағйирот посух ба қоидаҳои давлатӣ мебошад, ки марбут ба нишон додани ҳатмии муҳтавои бо зеҳни сунъӣ тавлидшуда буда, аз 1 сентябри соли 2025 амал мекунад. Дар сурати риоя накардани қоидаҳо, масалан, ҳазфи нишонаҳои ҳатмӣ ё паҳн кардани муҳтавои гумроҳкунанда, корбарон ба таҳримҳои WeChat дучор мешаванд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад