МУВАФФАҚИЯТГирандагони стипендияи «Дурахшандагон» дар кадом кишварҳо таҳсил мекунанд?

Гирандагони стипендияи «Дурахшандагон» дар кадом кишварҳо таҳсил мекунанд?

-

Толори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»

20 августи 2025 дар хабарнигорон дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар донишгоҳҳои муътабари ҷаҳон таҳсил мекунанд, суҳбат намуда, аз раванди таҳсил, мушкилоти мавҷуда маълумот ба даст оварданд.

Рамазон Одиназода, директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» мегӯяд, онҳо ҳавасманд ҳастанд то ВАО дар бораи ин барнома бештар иттилоъ пахш кунад то волидайн дар бораи стипендияи мазкур шартҳои он маълумот дошта бошанд. Ба таъкиди роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалӣ довталабон бояд сатҳи забондонии худро тақвият дода, сертификатҳои байналмилалии TOEFL, IELTS, Duolingo ва ғайраро дастрас намоянд.

Соли таҳсили 2024–2025 тариқи стипендияи «Дурахшандагон» 131 довталаб ғолиби озмун гардиданд, ки аз онҳо 105 нафар ба донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон (ИМА, Британияи Кабир, Канада, Олмон, Россия ва дигарон) сафарбар шуданд. Ҳоло 25 нафар дигар дар ҳоли анҷоми марҳилаҳои ниҳоии ҳуҷҷатгузорӣ қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 23 июни соли 2025 марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” доир гардида буд.

Озмун барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду марҳала иборат аст. Марҳилаи аввали онро барои дараҷаи бакалавр ва мутахассис Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест ва марҳилаи баъдиро аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ дар шакли суҳбат баргузор мекунанд.

Имсол тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” барои иштирок дар озмуни мазкур 469 нафар вобаста ба 4 гурӯҳи ихтисосҳо – 1-ум (табиӣ ва техникӣ), 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 5-ум (тиб, биология ва варзиш) ҳуҷҷат супорида буданд.

Довталабон мегӯянд, як мушкили асосӣ — ба таъхир афтодани раводид барои таҳсилашон дар кишварҳои Аврупо ва Амрико аст ва умедворанд бо роҳҳои дипломатӣ роҳҳал пайдо мекунад.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо қарори Ҳукумати кишвар соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи он интихоби довталабони лаёқатманд ва сафарбар кардани онҳо ба донишгоҳҳои хориҷӣ дар асоси стипендияҳои давлатӣ, созишномаҳои байниҳукуматӣ, грантҳои байналмилалӣ ва квотаҳои таҳсилӣ мебошад.
Аз соли 2022 то имрӯз бо 17 донишгоҳи пешрафтаи Аврупо ва Амрико шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки шароити таҳсил ва будубоши донишҷӯёни тоҷикро осонтар мегардонанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад