ҲАЁТИ СОЛИМТрамп: Нетаняҳу афв шавад!

Трамп: Нетаняҳу афв шавад!

-

Доналд Трамп, Президенти ИМА даъват кардааст, ки мурофиаи додгоҳии Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар робита ба парвандаи фасод қатъ шавад. Ӯ Нетаняҳуро «қаҳрамони бузург» номидааст.
Трамп 26 июн дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки мурофиаи тӯлонии додгоҳӣ бар зидди Нетаняҳу бояд бекор гардад.
Вай навиштааст: «Ман ва Биби (лақаби Нетаняҳу) ҳамроҳ аз ҷаҳаннам гузаштем. Мо бо душмани деринаи Исроил, Эрон, ҷанги сахту шадид доштем. Биби наметавонист бо муҳаббати беандозааш ба «Заминҳои Муқаддас» беҳтар, зирактар ва нерӯмандтар аз ин бошад.
Трамп илова намудааст, ки «маҳз Иёлоти Муттаҳида Исроилро наҷот дод ва акнун Иёлоти Муттаҳида Нетаняҳуро наҷот хоҳад дод.
Нетаняҳу дар се парвандаи ҷудогона- иттиҳоми қаллобӣ, сӯиистифода аз боварӣ ва гирифтани пора айбдор дониста мешавад. Натаняҳуро ба он муттаҳам мекунанд, ки  бо арзиши даҳҳо ҳазор доллар сигор ва шампанро аз як коргардони  миллиардери Ҳолливуд гирифта, дар иваз ба манфиатҳои шахсӣ ва тиҷоратии ӯ кумак кардааст. Ҳамчунин, ӯро ба он муттаҳам мекунанд, ки ба бархе магнатҳои расонаӣ дар ивази таблиғи мусбат барои худ ва хонаводааш имтиёз додааст.
Мурофиаи додгоҳии Нетаняҳу аз моҳи майи соли 2020, вақте оғоз ёфта, борҳо ба таъхир афтодааст. Ӯ бо баҳонаи ҷанг дар Ғазза ва низоъҳои баъдӣ дар Лубнон мӯҳлат хост.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад