Без рубрикиДумаи давлатӣ ҷаримаҳоро барои  "агентҳои хориҷӣ" то ним миллион...

Думаи давлатӣ ҷаримаҳоро барои  «агентҳои хориҷӣ» то ним миллион рубл боло бурд

-

Думаи давлатӣ ҷаримаҳоро барои  «агентҳои хориҷӣ» то ним миллион рубл боло бурд.

Думаи давлатии Русия тағйиротеро пазируфт, ки дар сурати иҷро накардани талаботи Вазорати адлияи Русия барои нишонгузории нодуруст ё набудани тамғаи «агенти хориҷӣ» дар маводи нашршуда ҷарима то 500 ҳазор рубл муқаррар мешавад. Ин муқаррарот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ илова гардид.

Василий Пискарёв, вакили Дума аз ҳизби «Русияи воҳид» гуфтааст, наздик ба 40 дарсади агентҳои хориҷӣ аллакай Русияро тарк кардаанд, аммо бо ин тағйирот имкон пайдо мешавад, ки аз суратҳисобҳои махсуси онҳо ҷарима ситонида шавад. Ин суратҳисобҳоро агентҳо барои гирифтани ҳаққи муаллиф ва пардохтҳои дигар бояд боз кунанд.

Соли 2022 дар Русия лоиҳаи қонуни нав дар бораи «агентҳои хориҷӣ» — «Дар бораи назорат аз болои фаъолияти шахсони таҳти таъсири хориҷӣ» таҳия шуда буд. Тибқи ин қонун «агенти хориҷӣ» шахсоне эътироф мешаванд, ки аз хориҷа дастгирӣ мегиранд ё таҳти таъсири хориҷӣ дар шаклҳои дигар қарор доранд.

Сомонаҳои «агентҳои хориҷӣ»-ро бо дархости Вазорати адлияи Русия дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ, аз ҷумла дар сурати мавҷуд набудани аломатгузорӣ мебанданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад