МУВАФФАҚИЯТҶаннат чӣ гуна ба Консерваторияи салтанатии Брюсел роҳ ёфт?

Ҷаннат чӣ гуна ба Консерваторияи салтанатии Брюсел роҳ ёфт?

-

Ҷаннат Ҳусейнзода дар Консерваторияи салтанатии Брюсел таҳсил мекунад ва яке аз аввалин тоҷикистониёне ҳаст, ки ба ин муассисаи машҳури аврупоӣ роҳ ёфтааст. Се сол қабл дар як мастер-класи Консерваторияи салтанатии Брюсел ширкат мекунад ва баъд аз он яке профессорони машҳури ин муассиса Ҷаннатро барои идомаи таҳсил даъват менамояд.
Ин оҳангсоз, пианинанавоз ва дирижёри ҷавон барандаи чандин озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ буда, ҳамзамон ҷавонтарин узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ҷаннат Ҳусейнзода дирижиёрӣ низ мекунад
Ҷаннат бори аввал дар 5-солагӣ ба даст пианино бурд. Волидонаш тасмим гирифтанд? барояш устоде пайдо намоянд ва ҳамин тавр дар хона чанд дарсе омӯхт. Устод ба ӯ машварат медиҳад, ки мусиқиро ба таври касбӣ омӯзад. Ҳамин тавр, Ҷаннат дар мактаби мусиқӣ таҳсилро идома медиҳад.
Ҷаннат дар шаҳрҳои Қувайт, Тошканд, Маскаву Пекин консерт баргузор намуда, ҳамчунин, дар онлайн-озмунҳои зиёд ширкат кардааст.
Нахустин консерти ӯ соли 2013 дар Ӯзбекистон баргузор гардида буд. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ консерт барпо намуд.
Ҷаннат дар овони кӯдакӣ
Ҷаннат соли 2015 дар Париж барандаи медали тиллоии «The Golden Festival International» гардид. Ӯ соли 2021 ҷоизаи ҷавони муваффақ дар соли 2021″-ро ба даст овард.
Ҷаннат дар як суҳбати маҷозӣ бобати кору пайкор ва нақшаҳои минбаъдааш бо мо суҳбате дошт, ки фишурдаи онро пешкашатон менамоем.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад