БИЗНЕС-КЛУБДурнамои молиявии созмонҳои ҷамъиятӣ дар Душанбе муҳокима мегардад

Дурнамои молиявии созмонҳои ҷамъиятӣ дар Душанбе муҳокима мегардад

-

Устувории молиявӣ ва рушди созмонҳои ҷамъиятӣ дар як ҳамоише мавриди баррасӣ қарор мегирад. 

Рӯзи 10 июни соли 2025 дар толори «Сомон»-и меҳмонхонаи Hilton (шаҳри Душанбе) конфронси «Устувории молиявии ташкилотҳои ҷамъиятӣ: ҳалли муосир ва дурнамои рушд» ба нақша гирифта шудааст.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорони иҷтимоӣ, ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ, бахши хусусӣ ва воситаҳои ахбори омма даъват гардидаанд.

Мақсад аз ҳамоиш муҳокимаи мушкилот ва имкониятҳои сармоягузорӣ ва устувории созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон буда, ҳамчунин намунаҳои муваффақонаи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ муаррифӣ шуда, афзалиятҳои умумӣ барои ҳамкории минбаъда дар самти устувории молиявии ташкилотҳои ҷамъиятӣ мушаххас мегарданд.

Манучеҳра Маҷон, намояндаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти ҶТ,  Забирзода Некрӯй, сардори раёсати Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ян Севера, директори АКТЕД дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат ва суханронӣ мекунанд.

Конфонс аз ду бахши асосӣ иборат буда, дар бахши аввал равандҳои  сармоягузории хориҷӣ барои лоиҳаҳои созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон — таҳлили вазъ ва таъсири кам шудани дастгирии донорҳо баррасӣ мегардад.
Бахши дуввум ба устувории молиявӣ ва сохтории ташкилотҳои ҷамъиятӣ — таҷрибаҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ, рушди соҳибкории иҷтимоӣ, масъулияти иҷтимоии ширкатҳо ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ муҳокима хоҳад шуд.

Дастандаркорони конфронс барои мубодилаи таҷрибаҳо, муҳокимаи масъалаҳои калидӣ ва таҳкими ҳамкориҳо хоҳишмандонро ба ин ҳамоиш даъват менамоянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад