ҲАЁТИ СОЛИМПайгирии макони муҳоҷирон аз кай шурӯъ мегардад?

Пайгирии макони муҳоҷирон аз кай шурӯъ мегардад?

-

Дар Москва ва вилояти Москва таҷриба оид ба пайгирии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути смартфонҳо оғоз мешавад.
Аз 1 сентябри соли 2025 мақомоти шаҳри Москва ва вилояти Москва назорат аз болои макони будубоши муҳоҷироне, ки ба минтақаи пойтахт ворид мешаванд, оғоз мекунанд. Лоиҳаи қонун дар бораи гузаронидани чунин таҷриба 20 май аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ қабул гардид. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар «замимаи махсуси мобилӣ» ба қайд гирифта шуда, маълумотро дар бораи маҳалли будубоши худ мустақилона ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намоянд. Дар сурати кӯшиши саркашӣ муҳоҷирон ба рӯйхати ашхоси зери назорат дохил карда мешаванд ва ин маънои онро дорад, ки аз Русия ронда мешаванд.

20 май Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки таҷрибаи «ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ»-ро, ки дар Москва ва вилояти Москва зиндагӣ мекунанд, оғоз мекунад. Аз 1 сентябр муҳоҷирон вазифадоранд, ки аз дактилоскопия, аксбардории биометрӣ гузаранд, дар бораи маҳалли будубоши воқеии худ хабар диҳанд, инчунин дар «замимаи махсуси мобилӣ» ба қайд гирифта шаванд.

Дар лоиҳаи қонун гуфта намешавад, ки дар сурати надоштани телефони мобилӣ ё даст кашидани шаҳрванди хориҷӣ аз насби замима, чӣ оқибатҳо ба амал меоянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад