ҲАЁТИ СОЛИМПавел Дуров омодааст дар Руминия шаҳодат диҳад

Павел Дуров омодааст дар Руминия шаҳодат диҳад

-

Муассиси Telegram Павел Дуров омодагии худро барои шаҳодат додан дар бораи дахолати эҳтимолии беруна ба интихоботи президентии Руминия изҳор намуд.

Паёми соҳибкор посух ба раҳбари мухолифини миллатгарои «Иттиҳод барои ваҳдати руминиҳо» Ҷорҷе Симион буд, ки дар мубориза барои мақоми сарвари давлат ба номзади мустақили аврупогаро Никушор Дан роҳ дод. Сиёсатмадори шикастхӯрда бар асоси дахолати берунии бозигарони давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз бекор кардани натиҷаҳои интихобот даъват ба амал овард.

«Ман омодаам биёям ва шаҳодат диҳам, агар ин ба демократияи Руминия кумак кунад.», — навиштааст Дуров.

Шаҳрдори Бухарест Никушор Дан дар интихоботи президентии Руминия 18 май пирӯз шуд. Дан ҷонибдори ҳамгироӣ ба Иттиҳоди Аврупову НАТО ва идомаи кумак ба Украина аст. Овоздиҳӣ бо ҳузури зиёди интихобкунандагон ва дар заминаи иттиҳомот дар бораи дахолати беруна аз Русия ва, тавре ки Дуров ногаҳон изҳор дошт, аз Фаронса сурат гирифт.

Дар рӯзи даври дуюми интихобот, муассиси Telegram сардори хадамоти иктишофии Фаронса Никола Лернерро дар кӯшиши таъсир расонидан ба интихобот дар Руминия муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, гӯё ӯ хоҳиш кардааст, ки каналҳои консервативии Руминия баста шаванд, то таъсири Симион ва ҳизби ӯ маҳдуд карда шавад. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ин иддаоҳоро қалбакӣ ва беасос номид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад