ОЛАМИ МАҶОЗӢ5 май: рӯзи марги Skype

5 май: рӯзи марги Skype

-

Microsoft аз 5 май дастгирии паёмрасони Skype-ро қатъ карда, ба рушди платформаи Microsoft Teams тамаркуз мекунад. 

Моҳи апрел корбарони Skype дар бораи гузаштан ба нусхаи ройгони Teams огоҳинома дарёфт карда буданд, ки тариқи ин пойгоҳ зангҳои видеоӣ, мубодилаи паёму файлҳо имконпазир аст.

Маълумот аз Skype то моҳи январи соли 2026 нигоҳ дошта мешавад. Корбарон метавонанд онҳоро ҳифз кунанд ё интизори поккунии худкор бошанд.

Skype соли 2003 фаъол шуд ва Microsoft онро соли 2011 ба маблағи 8,5 миллиард доллар харидорӣ кард. Моҳи марти соли 2017 Microsoft Teams-ро муаррифӣ кард, ки акнун бояд платформаи асосӣ барои иртибот гардад ва Skype-ро, ки моли таърих мешавад, иваз намояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад