ҲАЁТИ СОЛИМВКД-и Русия: пулис дар дар ҳаммоми "Бодрост" амалҳои ғайриқонунӣ...

ВКД-и Русия: пулис дар дар ҳаммоми «Бодрост» амалҳои ғайриқонунӣ содир накардаанд!

-

Вазорати корҳои дохилии Русия баъд аз ирсоли нотаи Қирғизистон рафтори кормандонашро дар ҳаммоми «Бодрост» дуруст шумурдааст.

«Пулиси пойтахт ҳангоми гузаронидани «чорабиниҳо барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ» дар ноҳияи Тимирязевскии Маскав нисбат ба шаҳрвандони Қирғизистон амалҳои ғайриқонунӣ содир накардааст.»,- омадааст дар иттилоияи Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Маскав , ки 14 апрел нашр шуд. 

Ба иттилои ин ниҳод, «кормандони пулиси Маскав якҷо бо ФСБ ва Росгвардия рӯзи 10 апрел амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷиро пешгирӣ карда, бинои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Тимирязевскии пойтахтро тафтиш кардаанд.»

«Дар натиҷа, 59 шаҳрванди хориҷӣ барои тафтишот ба ШКД интиқол дода шуданд, ки онҳо тавассути захираҳои иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Русия тафтиш карда шуданд. Нисбат ба 25 нафари онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз рӯи моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия (вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё реҷаи будубоши шаҳрванди хориҷӣ) тартиб дода шудааст, ки ҷарима ва аз ҳудуди Русия ихроҷ карданро пешбинӣ мекунад.
Шаш нафар аз боздоштшудаҳо «фаъолияти меҳнатиро бидуни бастани шартномаҳои меҳнатӣ анҷом медоданд», ки дар натиҷа «масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани корфармои онҳо аз рӯи моддаи 18.15 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия ҳал карда мешавад».
Рӯзи душанбе, 14 апрел, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Бишкек Сергей Вакунов дар робита ба боздошти оммавии шаҳрвандони Қирғизистон  дар ҳудуди маҷмааи ҳаммоми «Бодрост» дар Маскав ёддошти расмӣ ирсол кард. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Медали биринҷии ҷавонтарин варзишгари Тоҷикистон дар Ҷопон

Махсатулло Муъминов дар риштаи каратэ-до дар Ҷопон сазовори медали биринҷӣ гардид. Махсатулло ҷавонтарин варзишгар дар ҳайати Тоҷикистон аст ки...

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...
spot_imgspot_img

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад