МУВАФФАҚИЯТБо як патент кор дар ду минтақа. Агар пешниҳод...

Бо як патент кор дар ду минтақа. Агар пешниҳод қабул гардад

-

Лоиҳаи тағйироти ҳукумати Русия ба Думаи давлатии ин кишвар ворид шуд, ки тибқи он ба муҳоҷирон иҷоза дода мешавад бо як патент дар ду минтақа кор кунанд. Корфармоёни як минтақа метавонанд хориҷиёнеро, ки дар ҳудуди минтақаи дигар патент гирифтаанд, ба кор қабул кунанд. Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ин нақша танҳо дар Маскав ва вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград амалӣ хоҳад шуд.

Дар сурати дастгирӣ ёфтани пешниҳоди ҳукумат аз ҷониби Дума, он аз 1 сентябри соли 2025 эътибор пайдо мекунад.

Тағйирот ба қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» ворид мегардад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки ҳудуди 15%-и муҳоҷироне, ки барои патент дар вилояти Маскав муроҷиат мекунанд, дар Маскав ба қайд гирифта шудаанд ва тақрибан 8% хориҷиёне, ки дар пойтахти Русия патент мегиранд, дар вилоят ба қайд гирифта шудаанд. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад