ҲАЁТИ СОЛИМТабақаи миёна - коҳишдиҳандаи нобаробарии иқтисодӣ ва таъминкунандаи субот...

Табақаи миёна — коҳишдиҳандаи нобаробарии иқтисодӣ ва таъминкунандаи субот дар ҷомеа

-

Метадалогияи муайян намудани табақаи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон таҳия  ва 18 феврали соли 2025 тасдиқ шуд. Ба иттилои намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин метадалогия бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид ва дар раванди таҳияи он Агентии омори Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ширкат карданд.

Аз соли 2014 Шӯро оид муайян намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон амал мекунад ва ин шӯро дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъсис шуда буд. Баъд аз 10 сол, яъне, соли 2024 Шӯро оид муайян намудани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тағйири ном кард ва минбаъд Шӯро оид ба муайян намудани табақаи миёнаи аҳолӣ ном бурда мешавад.

Табақаи миёна (синфи миёна) ҳамчун як қишри иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷомеа нақши ниҳоят муҳим дорад. Он на танҳо устувории иқтисодиро таъмин мекунад, балки ба рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар низ мусоидат менамояд.

Синфи миёна гурӯҳи аҳолиро дар бар мегирад, ки даромади устувор доранд, метавонанд эҳтиёҷоти асосии худро қонеъ гардонанд, сармоягузорӣ намоянд ва барои беҳбудсозии вазъи худ захираҳо доранд.

Даромад, сатҳи таҳсилот, шуғл, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ нишондиҳандаҳое ҳастанд, ки табақаи миёнаро метавон муайян кард.

Умед Холов, корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯяд, тафовути фарқкунандаи синфи миёна доштани манзил, мошин, пасандоз, баланд будани сатҳи таҳсилот, шуғли устувор, маоши миёна ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати иҷтимоӣ аст.

Умед Холов, корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Ин дар ҳолест, ки синфи миёнаро ҳамчун девор байни сарватмандону камбағалон мегӯянд, ки нобаробарии иқтисодиро коҳиш медиҳад ва суботро дар ҷомеа таъмин намуда, ҳукуматро ба ҳисоботдиҳӣ водор менамояд.

Маълумоти расмӣ оид ба сатҳи камбизоатӣ, гурӯҳи осебпазир ва синфи миёна дар Тоҷикистон

Тибқи омори расмӣ, соли 2023 табақа ё синфи миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 37 дарсад баробар гардидааст. Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 пешбинӣ мекунад, ки ин рақам ба 50% расонида шавад.

Дар ҳамин ҳол Фарида Муминова мегӯяд, муайян кардани «синфи миёна» вобаста ба макон ва иқтисодиёт фарқ мекунад, аммо дар маҷмӯъ, синфи миёна ба гурӯҳи аҳолие дахл дорад, ки сатҳи зиндагиашон аз сатҳи камбизоатӣ баландтар аст, аммо ба сатҳи сарватмандон намерасад.

“Дар ҳар як минтақа нишондиҳандаҳо гуногун аст. Чунки дар ҳар ҷой маоши миёна фарқ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳар минтақа аз ҳисоби даромад ва музди миёна фарқ мекунад. Бинобар ин, гирифтани як ченак барои муқоиса нодуруст аст.”,-мегӯяд Муминова.

Фарида Муминова, номзади илмҳои иқтисодӣ

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2023 синфи миёна дар шаҳри Душанбе 68 дарсад баробар будааст. Дар Суғд ба 55%, дар Хатлон 31%, дар ноҳияҳои тобеи марказ ин омор ба 37 дарсад баробар будааст. Аммо ин нишондиҳанда дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон паст буда, табақаи миёна ҳамагӣ 21% -ро ташкил медодааст.

Ба таъкиди Фарида Муминова, ҳар он қадаре, ки синфи миёна зиёд бошад, ҳамон қадар бо талаботи худ ин табақа маҷбур мекунад, ки дар истеҳсолот наворарӣ сурат бигирад. Чунки ба сифати маҳсулот диққат медиҳад, ҳамчунин ба хизматрасонии хуб таъсир мерасонад.

“Бинобар ин, дар ҷаҳон ба синфи миёна, ба ташаккули он ва ба устуворгардонии ин синф таваҷҷуҳ мекунанд.”,-мегӯяд Ф. Муминова, вале таъкид мекунад, ки бояд муайян гардад кадом механизм кор карда истодааст барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва кадом механизм кор накарда истодааст. Аз ин лиҳоз тадқиқотҳо муҳиманд, ки чӣ монеаҳо ҳастанд, ки камбизоатӣ суст коҳиш ёфтааст ё кадом монаеҳо ҳастанд, ки теъдоди синфи миёна суст боло шуда истодааст.

Иқтисоддон Уктам Ҷумаев

Иқтисоддон Уктам Ҷумаев мегӯяд, агар ба Амрико ва кишварҳои Аврупо назар афканем, сухан дар мавриди синфи миёна ва сари даромад меравад. Аммо танҳо даромадро ба инобат гирифтан он қадар дуруст нест. Якчанд омилҳо ба инобат гирифта бояд шавад. Синфи миёна он шаҳрвандоне, ки даромаде доранд, имконияти харидории маҳсулоти муайян, имконияти сафар ба ҷойе, ва тавонии харидории амволи ғайриманқул доранд ё барои пеш бурдани фаъолияте сатҳи даромад ба онҳо чунин имкониятро фароҳам меорад. Дар баъзе маҳфумҳо шароити мусоиди зиндагӣ меравад, таъмини амнияти иқтисодӣ, мустақилият, ки шахс тавонад дар асоси даромад як фаъолияти устувор, хароҷоти устувор дошта бошад.

Методологияи маъмули муйян сохтани синфи миёна чунин аст:

Ба воситаи ба инобат гирифтани ҷанбаҳои захираҳои моддӣ, сатҳи даромад, ҳаҷми пасандозҳои ҷамъшуда, моликият;

Ба воситаи ба инобат гирифтани ҷанбаҳои захираҳои ғайримоддӣ (маълумот ва шуғл) – сатҳи таҳсилот, мавқеи тахассусии касбӣ;

Ба воситаи ба инобат гирифтани аломатҳои некӯаҳволии иҷтимоӣ (дар интихоб масъул) — худбаҳодиҳии вазъ ва нақш дар ҷомеа, муваффақияти мутобиқшавӣ ба шароити мавҷудаи иқтисодӣ.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҷоми ҷаҳонии футбол–2026

Ҷоми ҷаҳонии футбол–2026 ҳамчун бузургтарин бозӣ дар таърих ин навъи варзиш хоҳад буд. Барои аввал дар як вақт се...

Исроил дар «Евровидение» мемонад, вале Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения ширкат даст кашиданд

Исроил иҷозаи иштирок дар "Евровидение-2026"-ро ба даст овард. Дар посух Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения эълон карданд, ки ба...

YouTube Recap: дар бораи тамошои ҳама видеоҳо омор пешниҳод мекунад

YouTube ҳисоботи нави солонаи YouTube Recap 2025-ро муаррифӣ кард. Ин аввалин натиҷагирии инфиродии видеоҳост, ки ҳар корбар дар давоми...

Ду созмони бонуфӯзи рӯзноманигорӣ алайҳи мақомоти исроилӣ шикоят бурдааст

2 декабр Иттифоқи миллии журналистон ва Федератсияи байналмилалии журналистон (SNJ/IFJ) ба Прокуратураи миллии мубориза бо терроризм дар Париж  барои...
spot_imgspot_img

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». 4 нафар соҳиби шоҳҷоиза

Имрӯз, 4 декабри 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи...

Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар Порис

“Баракат Исфара”, “Водии меваҳо” ва “Алӣ Априкот”- се корхонаи коркарди хушкмева аз Исфара, ки бозигари калидии бозори хушкмева дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад