ОЛАМИ МАҶОЗӢЗиёда аз як миллион телевизиони Android аз вируси Vo1d...

Зиёда аз як миллион телевизиони Android аз вируси Vo1d зарар диданд

-

Тибқи таҳқиқоти мутахассисони Xlab, навъи нави ботнети Vo1d миллионҳо телевизионро бо системаи оператсионии Android TV дар саросари ҷаҳон сироят кардааст. Ботнет 14 январи соли 2025 ба авҷи фаъолияти худ расид, вақте ки шумораи дастгоҳҳои сироятёфта дар зиёда аз 200 кишвар ва минтақа қариб ба 1,6 миллион расид. Дар ин бора нашрияи Digital Trends хабар медиҳад.

Дар таҳқиқоти Xlab таъкид шудааст: «Миқёси Vo1d ва мавҷудияти он таҳдиди ҷиддӣ ва дарозмуддат ба амнияти сайберии ҷаҳон мебошад…»

Маълумотҳое, ки дар давраи аз 1 то 15 феврал ҷамъоварӣ шудаанд, нишон медиҳанд, ки шумораи бештари сироятҳо ба Бразилия (24,97%), Африқои Ҷанубӣ (13,6%), Индонезия (10,54%) ва Аргентина (5,27%) рост меояд. 

Мутахассисони амнияти сайберӣ тавсия медиҳанд, ки як қатор чораҳои муҳим барои муҳофизат аз чунин таҳдидҳо андешида шаванд. Пеш аз ҳама, мунтазам барӯз кардани нусхаи охирини нармафзор ва системаи оператсионии телевизион зарур аст.  Инчунин, тавсия дода мешавад, ки навсозии автоматикии системаро фаъол созед, то навсозиҳои муҳими амниятиро аз даст надиҳед. Илова бар ин, танҳо замимаҳоро аз мағозаи расмии Google — Play Store насб бояд кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад