МУВАФФАҚИЯТВазири нақлиёт: таъсиси маркази омӯзишӣ барои устою танзимгарони ҳаракати...

Вазири нақлиёт: таъсиси маркази омӯзишӣ барои устою танзимгарони ҳаракати вагонҳои роҳи оҳану метро мувофиқи мақсад аст

-

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни мулоқот бо Канг Синг Хон, директори нави Дафтари  Korea International Cooperation Agency ба хулосае омадаанд, ки дар Душанбе барои мутахассисони роҳи оҳан ва метро Маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос таъсис дода шавад. 

«Канг Синг Хон пешниҳод намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳа, алалхусус машинистони локомотив, муҳандисон, устоҳо ва танзимгарони ҳаракати вагонҳои роҳи оҳан ва метро, дар шаҳри Душанбе маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос таъсис додан ба максад мувофиқ хоҳад буд. Ин пешниҳод аз ҷониби Вазири нақлиёти Тоҷикистон маъқул дониста шуд.»,-менависад сомонаи Вазорати нақлиёт аз ҷараёни ин вохӯрӣ.

Тоҷикистону Корея айни ҳол 4 лоиҳаи хурду бузургро дар самти роҳу нақлиёт амалӣ мекунанд, ки яке аз онҳо ба асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» рабт дорад ва бо дастгирии КОICА 14 январи соли 202 оғоз гардидааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад