ҲАЁТИ СОЛИМЗимистон ҷомаи сафедашро ба баҳор дод. Барф ва ҳавои...

Зимистон ҷомаи сафедашро ба баҳор дод. Барф ва ҳавои сард дар аввали моҳи март

-

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар пайи воридшавии анбӯҳи ҳавои сард, дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои ноустувор бо зуҳуроти хавфноки табиӣ пешгӯӣ мешавад.
Шаби 3 март боришоти борон ба барф мегузарад, рӯзона дар ноҳияҳои кӯҳӣ асосан барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат пешгӯӣ мегардад.
Дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳӣ, пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-12º дар назар аст.
Дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи тарма пешгӯӣ мешавад.
Бинобар ин, тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон ба аҳамияти чораҳои эҳтиётӣ дар шароити номусоиди обу ҳаво, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ, таваҷҷӯҳ намоянд.
Агар ба ҳолатҳои хатарнок дучор оед, фавран бо рақами 112 ё бо телефонҳои навбатдор ба ин рақамҳо занг занед:
(+992) 93 880 28 19, 221 91 19.
Барномаи мобилии SOS, ки барои ҳамаи телефонҳои мобилӣ дастрас аст, барои кумак ба шумо дар ҳолатҳои фавқулодда тарҳрезӣ шудааст.
Ба худ ва оилаи худ ғамхорӣ намоед!
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад