ҲАЁТИ СОЛИМОмӯзиш барои беҳтар кардани муносибат ба занон ва кӯдакони...

Омӯзиш барои беҳтар кардани муносибат ба занон ва кӯдакони аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонидашуда

-

Бозҳамгироии иҷтимоии занон ва кӯдакони аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонидашуда яке аз мушкилиҳои асосии мақомоти ҳукумат ва ҷомеаи маҳаллӣ боқӣ мемонад. Ҳамоҳангсозии нокифояи фаъолияти байни ниҳодҳои иҷтимоӣ ва набудани тартиби самараноки дастгирӣ раванди мутобиқшавии ин оилаҳоро  душвор мегардонад. Бо мақсади таҳкими низоми  дастгирӣ дар шаҳри Душанбе омӯзиш оид ​​ба технологияи кори итҷимоии кейс-менеҷмент барои аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ ва мутахассисони бахшҳои ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардид.

Ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири дастгирии иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ 30 намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки масъули ҳамгироӣ ва тавонбахшии занону кӯдакони ба ватан баргаштаанд, аз як омӯзиш гузаштанд.

«Барои бозҳамгироии бомуваффақ таъмин намудани хизматрасониҳои асосӣ кофӣ нест. Бояд як низоми дастгирии инфиродиро бунёд кард, ки дар он ҳар як оила бо назардошти эҳтиёҷоти худ кумак гирад.», — тазаккур додааст Субҳон Ашуров, ки ба иштирокчиён дарс гуфт.

Омӯзиш ба баланд бардоштани малакаҳои касбии мутахассисон ва беҳтар кардани механизмҳои ҳамкории байни муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ нигаронида шуд. Дар омӯзиш мутахассисон усулҳои нави тавонбахшии иҷтимоӣ, аз ҷумла машварати иҷтимоӣ, механизмҳои бозравонасозӣ ва дастрасӣ ба шуғл ва таҳсилро омӯхтанд.

«Мо мебинем, ки хадамоти иҷтимоӣ барои кор бо оилаҳои бозгашта ба воситаҳои иловагӣ ниёз доранд. Ин омӯзиш ба мутахассисони мо дар татбиқи усулҳои нав ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ кумак мекунанд.», — таъкид кардааст тренер Юсуфзода Фахриддин.

«Ҳоло мо алгоритми аниқи амалҳоро дар ҳолатҳои душвор дорем, ки ин ба мо имкон медиҳад,  на танҳо кӯмаки саривақтӣ расонем, балки сифати бозҳамгироии иҷтимоиро беҳтар созем. Кейс-менеҷмент ҳамчун равиши ҳамаҷониба на танҳо ба тавонбахшии итҷимоӣ мусоидат мекунад, балки робитаҳои иҷтимоиро таҳким мебахшад, ки гарави бозҳамгироии бомуваффақияти  занон ва кӯдакони дар вазъияти душвори зиндагӣ  қарордошта мебошад.», — гуфтааст  Макнуна Ниёзӣ, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҳукумати шаҳри Душанбе.

Омӯзиш аз ҷониби Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон ташкил гардидааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад