МУВАФФАҚИЯТДу нишони биринҷӣ аз “Baku Grand Slam 2025”

Ду нишони биринҷӣ аз “Baku Grand Slam 2025”

-

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур, 6 паҳлавон муаррифӣ карданд. Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров бо Муҳиддин Асадуллоев, дар вазни то 81 кг Баҳрӯз Хоҷазода бо Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов намояндаҳои кишвари мо дар мусобиқаи мазкур буданд.

Дар мусобиқаи мазкур ба Абубакр Шеров ва Ҷаҳонгир Маҷидов муяссар шуд, ки барои Тоҷикистон медалҳои биринҷро ба даст оваранд.

Абубакр Шеров зери вазни то 73 кг дар даври аввал намояндаи Хорватия — Роберт Класарро, дар даври дуюм Бае Донғюн аз Кореяи Ҷанубӣ , дар даври чаҳорякниҳоӣ бо имтиёзи иппон ватандори ҷудо Рюга Танакаи ҷопониро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Паҳлавони мо дар даври нимниҳоӣ аз Рашид Маммадалиеви озарӣ шикаст хӯрда, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Гиоргий Чихелидзеи гурҷиро шикаст дода, нишони биринҷиро соҳиб шуд. Соли гузашта, дар мусобиқаи мазкур Шеров ба финал баромада, аз Ҳидоят Ҳайдарови озарӣ шикаст хурда, соҳиби нишони нуқра шуда буд.

Ин сеюмин медали паҳлавони тоҷик Абубакр Шеров дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” аст. Қаблан, ҷудокори мо соҳиби 2 нишони нуқра дар мусобиқаҳои Abu Dhabi Grand Slam 2024 , Baku Grand Slam 2024 шуда буд ва ин аввалин биринҷӣ дар корномаи Шеров мебошад.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг дар даври аввал Кристиан Тоти маҷорӣ , дар даври дуюм Рустам Шораҳматови ӯзбекро шикаст дода ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа Маҷидов аз Арай Дотаи ҷопонӣ шикаст хӯрда, барои нишони биринҷӣ

ҷудокори бетараф Муҳаммадалӣ Матаевро мағлуб карда, соҳиби нишони биринҷӣ шуд. Ин барои Маҷидов медали чаҳоруми биринҷӣ дар мусобиқаҳои «Тоскулоҳи бузург» буд.

Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ дар феҳристи медалҳо мақоми 12-умро дар Baku Grand Slam 2025 ишғол кард. Дар мусобиқа Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) панҷум ва Беҳрӯз Хоҷазода (-81 кг) ҳафтум шуданд. Ҷопон бо бо 10 медали тилло, 4 медали нуқра ва 3 нишони биринҷӣ якум шуд. Олмон бо 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми дуюм гардид. Кишвари мизбон Озарбойҷон бо 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ сеюм шуд.

Қобили зикр аст, ки ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2025” ҳоло 258 ҷудокор (166 мард, 92 зан) аз 36 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи “Baku Grand Slam 2024”, Тоҷикистонро 12 ҷудокор Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Абубакр Шеров, Илҳомиддин Ҷабборов, Умедҷон Раҷабов, Сомонӣ Кишваров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Мансур Раҳмон, Шакармамад Мирмамадов, Аҳлия Муминова, Шукрона Қарчиева, Фазилат Гулбоева ва Мавлуда Одинаева намояндагӣ карда буданд. Аз миёни ҷудокорони тоҷик танҳо ба Абубакр Шеров муяссар гаридида буд, ки соҳиби нишони нуқра дар вазни то 73 кг гардад. Шеров дар финал аз Ҳидоят Ҳайдарови мизбон шикаст хӯрда буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад