БИЗНЕС-КЛУБАндозбандии ҳар метри мураббаъ тибқи фармоиши нав

Андозбандии ҳар метри мураббаъ тибқи фармоиши нав

-

Тибқи фармоиши нави Кумитаи андоз ҳар метри мураббаъ дар сохтмонҳо тибқи ҷадвале андозбандӣ мегардад, ки нархи миёнаи он дар замимаи Кумитаи андоз мушаххас гардидааст.

Нархи фурӯши ҳар метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе то 7 ҳазор сомонӣ ва ошёнаи якуми кӯчаҳои марказӣ то 15 ҳазор сомонӣ нишон дода шудааст. 

Фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 23 январи соли 2025 содир шуда, нархҳои бозории фурӯши биною иншоот, инчунин арзиши иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқ ба сметаҳои сохтмонӣ бо мақсадҳои кор ва андозбандӣ бо назардошти ҷойгиршавии ҳалқаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳудуди кӯчаҳои марказӣ ва мавзеъҳои дигари берун аз ҳудуди кӯчаҳои марказиро муайян мекунад.

Тибқи фармоиш сарраёсати маъмурикунонии андоз, сарраёсати назорати андоз ва мақомоти ҳудудии андоз муваззаф мегарданд, ки барои аз ҷониби субъектои хоҷагидорие, ки ба фазолияти иҷрои корҳои сохтмонии биною иншоот ва фурӯши минбаъдаи онҳо машғул мебошанд, барои риоя гардидани муқаррароти фармоиши мазкур чораҷӯӣ намоянд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад