ҲАЁТИ СОЛИММутахассис: "аксари занону кӯдакони баргашта ҳамоно эҳсоси танҳоӣ мекунанд..."

Мутахассис: «аксари занону кӯдакони баргашта ҳамоно эҳсоси танҳоӣ мекунанд…»

-

Чӣ гуна дастгирии иҷтимоии занон ва кӯдакони аз минтақаҳои ҷангӣ баргардонидашуда дар шаҳри Душанбе муҳокима шуд. 

Ҳадаф аз ин чорабинӣ, ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии намояндагони гурӯҳи унвон буд.

Дар чорабинӣ беш аз 30 намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки ба тавонбахшӣ ва бозҳамгироии занон ва кӯдакони баргардонидашуда масъуланд ва мутахассисони соҳаи кори иҷтимоӣ иштирок кардаанд.

То моҳи июли соли 2024 дар маҷмӯъ 301 кӯдак (142 духтар ва 159 писар) ба Тоҷикистон баргаштанд. Аммо дар раванди мутобиқшавии онҳо ба мушкилот, аз ҷумла мушкилоти иҷтимоишавӣ, дастрасӣ ба таҳсил ва шуғл рӯ ба рӯ мешаванд.

«Аксари занон ва кӯдаконе, ки ба кишвар бармегарданд, аз барномаҳои мутобиқсозии равонӣ мегузаранд ва малакаҳои иҷтимоиро меомӯзанд, ки ин як қадами муҳим дар самти зиндагии мустақилона мебошад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз онҳо ҳамоно эҳсоси танҳоӣ мекунанд ва бо ҷомеаи маҳаллӣ иртибот надоранд»”, — гуфтааст Макнуна Ниёзӣ, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҳукумати шаҳри Душанбе.

Субҳон Ашӯров, Директори Ассотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон гуфтааст, «барои бозҳамгироии бомуваффақияти занону кӯдаконе, ки аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ баргаштаанд, на танҳо ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои гуногун, балки ба эҳтиёҷоти инфиродии ҳар як оила таваҷҷӯҳ зоҳир кардан лозим аст. Раҳёфти маҷмӯӣ, ки саъю кӯшиши ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро муттаҳид мекунад, низоми ягонаи дастгирии иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Шахси калидӣ дар ин низоми дастгирӣ корманди иҷтимоӣ мебошад, ки аз дараҷаи салоҳиятҳои касбии ӯ натиҷаи раванди бозҳамгироӣ ва мутобиқсозӣ вобаста аст.«

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни мизи мудаввар тасмим гирифтанд, ки дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе Гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ таъсис дода шаванд, ҳайати тахминии ин гурӯҳро муайян намуда, онҳоро вазифадор карданд, ки ҳар семоҳа оид ба раванди бозҳамгироии занону кӯдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангӣ баргаштаанд, маълумот диҳанд.

Дар охири соли гузашта гурӯҳҳои кории байнисоҳавӣ дар назди ҳукуматҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Кушониён ташкил карда шуданд.

Ҳамоише, ки 5 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз ҷониби филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон  бо дастгирии молиявии Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон амалӣ шуд. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад