МУВАФФАҚИЯТДодситонҳои 12 иёлот Маскро аз дастрасӣ ба иттилоот маҳрум...

Додситонҳои 12 иёлот Маскро аз дастрасӣ ба иттилоот маҳрум карданианд

-

Намояндагони 12 иёлот ният доранд тавассути додгоҳ Департаменти самаранокии идораи давлатии ИМА (DOGE)-ро, ки миллиардер Илон Маск сарварӣ мекунад, аз дастрасӣ ба иттилоот маҳдуд кунанд. Дар ин бора додситони кулли Ню-Йорк Летитсия Ҷеймс хабар додааст.

«Маск ҳамчун сарватмандтарин шахси рӯи замин ба шунидани калимаи «не» одат накардааст, аммо дар кишвари мо ҳеҷ кас болотар аз қонун нест. Президент салоҳияти додани иттилооти шахсиро ба онҳое, ки интихоб кардааст, надорад ва ӯ наметавонад пардохтҳоеро, ки Конгресс тасдиқ кардааст, қатъ кунад.», — омадааст дар изҳороти Ҷеймс.

Дар изҳорот ба Ҷеймс додситонҳои кулли Аризона, Калифорния, Колорадо, Коннектикут, Делавэр, Мэн, Мэриленд, Миннесота, Невада, Род-Айленд ва Вермонт ҳамроҳ шуданд.

Як довари федералӣ ҳам амр додааст, ки ду иттифоқчии Маск ба системаҳои пардохти Вазорати молия «танҳо дастрасии хондан» дошта бошанд, аммо ҳеҷ каси дигар ҳоло дастрасӣ нахоҳад дошт, аз ҷумла худи Маск.

Қаблан расонаҳои амрикоӣ навишта буданд, ки кормандони идораи таҳти сарварии Маскба маълумоти махфии миллионҳо хизматчиёни давлатӣ дастрасӣ пайдо кардаанд. Сухан дар бораи иттилоот аз идораи хадамоти кадрӣ, суроғаҳо, маошҳо, номҳо ва рақамҳои суғуртаи иҷтимоӣ меравад.

Акс аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад