БИЗНЕС-КЛУБХатсайри нави Тоҷик Эйр: Душанбе – Кӯлоб – Душанбе

Хатсайри нави Тоҷик Эйр: Душанбе – Кӯлоб – Душанбе

-

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” самти Душанбе – Кӯлоб – Душанбе хатсайри нав боз мекунад.
Аввалин парвозҳо тавассути ҳавопаймои АН-28 аз Душанбе ба самти Кӯлоб 15 январи 2025 анҷом хоҳад шуд.
Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе
соати 09:00-и субҳ аз Душанбе ва соати 10 аз Кӯлоб парвозҳо анҷом хоҳанд шуд.

Нархи билет 350 сомонӣ муқаррар шудааст.

«Тоҷикэйр» пас аз соли 2015 ҷиддан ба мушкилоти молиявӣ гирифтор шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 2 миллион долларқарзи андози ширкатро бахшид. “Тоҷикэйр” чанд бор талош кард, то фаъолияташро аз сар гирад, аммо аз 1 сентябри соли 2020 тамоми парвозҳояш мутаваққиф шуданд.
Тоҷикэйр беш аз 60 миллион доллар аз чандин ширкату корхонаи дохиливу хориҷӣ қарздор шуд ва маҷбур 85% — и кормандонашро ба рухсатӣ фиристод. Фақат аз ҳисоби маоши коргарон 12 миллион сомонӣ қарздор буд. Илова бар ин ҳама, бо ду ширкати хориҷӣ – “Росавиатсия” (Русия) ва Skyroad Leasing (Литва) вориди баҳсҳои судӣ сари қарзҳо шуд. Ҳатто як бор ҳисобҳои бонкии “Тоҷикэйр”-ро Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон баст. Соли 2021 Суди олии иқтисодӣ эълон кард, ки “Тоҷикэйр” дар осонаи муфлисӣ қарор дорад.
Акс аз шабакаи интернет
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад