ҲАЁТИ СОЛИМСенатори рус: мо барои ҳамдигар лозимем!

Сенатори рус: мо барои ҳамдигар лозимем!

-

Григорий Карасин, Раиси Шӯрои давлатии Федератсияи Русия оид ба корҳои хориҷӣ
«Мо барои ҳамдигар лозимем. Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, бахусус, аз Тоҷикистон он чизе, ки бозори меҳнати Русия барояшон имкон фароҳам меорад, масалан, кор, шароит хуби зиндагӣ таваҷҷуҳ доранд. Аҳолӣ бо майли худ ин ҷо меояд, баъдан оилаҳояшонро низ даъват мекунанд. Ин тамоюл хуб ва дар доираи манфиатҳои Русия аст. Ҳамзамон, мо аз нигоҳи таърих бо ҳам наздикем.»,-гуфт Григорий Карасин, Раиси Шӯрои давлатии Федератсияи Русия оид ба корҳои хориҷӣ дар посух ба суоли хабарнигори  jom.tj.
Хабарнигори мо дар
барномаи Мусобиқаи байналмилалии лоиҳаҳои иттилоотӣ барои ВАО-и хориҷӣ «Честный взгляд», ки ҳамчунин хабарнигорони Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Бенин, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Осетияи Ҷанубӣ иштирок доштанд, ҳузур дошт ва аз ин сенатор суол кард, ки «барои беҳтар шудани вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия иҷро гардидани кадом корҳо муҳим аст?”
Иштироки Файзуллохон Обидов дар «Честный взгляд»
Ба бовари ҷаноби Карасин, феълан вазъияти ноороме фаро расидааст. Дар баробари тӯл кашидани вазъи буҳрон дар Украина, боз дар Шарқи наздик ва дар бархе кишварҳои африқоӣ амалиёти ҷангӣ сурат гирифта истодааст. Аз ин рӯ, табиист, ки ниҳодҳои амниятӣ, Вазорати корҳои дохилии Русия мекӯшад, бо эҳтиёткорӣ садди роҳи амалиёти терористӣ, ки як мисоли он ҳамлаи фоҷиабори террористӣ дар «Крокус Сити Ҳолл» содир шуда буд, бигирад.
Ҳамзамон, сенатори рус зарур донист, ки барои фарогирии хонандагони тоҷик ба мактабҳои русӣ, равона кардани таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши забони русӣ аҳамияти бештар зоҳир гардад. 
Ҳамзамон, ишора шуд, ки паҳн кардани хабарҳои беасос тариқи Интернет боиси бедор шудани эҳсоси бадбинӣ ва кинаву адоват миёни халқу миллатҳои гуногун гардад. Он хеле хатарнок буда, метавонад, ки мушкилоти сиёсиро низ ба бор оварад.
Файзуллохон Обидов
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад