ҲАЁТИ СОЛИММуҳоҷирон бозорҳои нави кориро меҷӯянд

Муҳоҷирон бозорҳои нави кориро меҷӯянд

-

Шамсиддин Асламов зимни суханронӣ дар маҳфили «Тавозун». Акси аслии матлаб аз шабакаи интернет

Дар 10 моҳи соли равон аз муҳоҷирони ихроҷшуда  танҳо 2373 ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат карданд, ки дар натиҷа, 595 нафари онҳо ба ҷои кор таъмин шуда, 366 кас ба тайёрии касбӣ, 189 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 1045 ба машварати касбӣ ҷалб шудаанд. Танҳо ба 178 кас қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар  6 моҳи соли равон ҳудуди 17 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд.

Шамсиддин Асламов, намояндаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни маҳфили навбатии Тавозун гуфт,  баъди ихроҷи якбораи муҳоҷирон дар фурудгоҳҳо навбатдор гузоштанд ва ба ихроҷшудагон номгӯи кору омӯзишҳое, ки дар марказҳои касбомӯзӣ доранд, пешниҳод карданд.

“Аз ҳамин ҳисоб 1350 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Қариб 550 нафар ба марказҳои касбомӯзии вазорат барои омӯхтани касб ҷалб шуданд. Ҳудуди 100 нафар соҳиби қарзи бефоиз гардиданд.”, – иттилоъ дод Асламов.

Дар 9 моҳи соли равон дар кишвар 192 ҳазору 818 ҷои кории нав таъсис ёфтааст, ки аз ин, 54 ҳазор 828 кори доимӣ, 80 ҳазору 340 кори мавсимӣ, 53 ҳазору 801 кори муваққатӣ ва 3 ҳазору 849 кори иловагӣ будааст. 

Чорабинӣ аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии созмони байналмилалии “ACTED” бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону коршиносон, шарикони рушд ва журналистон рӯзи 28 ноябр дар Душанбе баргузор шуд. Қабл аз баргузории маҳфил чанде аз журналистон мавзӯи мазкурро дар як давраи омӯзишӣ аз худ карда буданд ва дар ин маҳфил ба суолҳои хеш посух дарёфтанд.

Вай қайд намуд, ки ҳоло таваҷҷуҳи муҳоҷирони баргашта дубора ба муҳоҷират аст то ба кишварҳои дигаре роҳ ёбанд. Аз ин лиҳоз, забон меомӯзанд. Чунки талаботи кишварҳои дигари пешниҳодкунанда, махсусан Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои арабӣ донистани забон аст. Яъне, муҳоҷирон мехоҳанд, ки забонро омӯзанду дубора ба муҳоҷират раванд, вале ҳадафи вазорат, ҳамчун ниҳоди танзимкунандаи соҳаи меҳнат ин аст, ки тавассути омӯзиши касбҳо тавонанд, қисми зиёди муҳоҷиронро дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин созанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад