ҲАЁТИ СОЛИМАкбарҷон Маҳмадалиев: дар ҳамбастагӣ фаъолият натиҷаовар мешавад

Акбарҷон Маҳмадалиев: дар ҳамбастагӣ фаъолият натиҷаовар мешавад

-

Акбарҷон Маҳмадалиев бо ҷавонон дохили канали Салимзодаро тоза мекунанд

Акбарҷон Маҳмадалиев иштирокчии Лоиҳаи “Ташаббусҳои ҷавонони тоҷику афғон дар пешгирии хатарҳои тағйирёбии иқлим” буд. Ин лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамьиятии “Маьрифати шаҳрвандӣ” бо дастгирии молиявии Комиссия оид ба Барномаҳои рушди демокиратияи Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе амалӣ гардид.

Ҳадафи лоиҳа  паст кардани хатарҳои тағйирёбии иқлим, тоза намудани канал буд, ҷавонони афғону тоҷик дар ҳамбастагӣ саҳми худро дар ин корҳо гузоранд. 

Канале, ки аз деҳаи Файзбахш оғоз мешавад ва дар деҳаи Зарнисори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов поён меёбад, аз дохили шаҳри Ваҳдат низ мегузарад ва дар ин ҳудуд бо номи “Канали Салимзода шинохта мешавад. Ин канал, ки 8 км тӯл дорад, вақтҳои охир вазъи ногуворе дошт.

Ҷалби сокинони атрофи канал ба ҳашар. Акбар бо ҳашарчиён дар назди корхонаи Комбинати ордбарории ш. Ваҳдат 

Ӯ дар қатори 60 ҷавони тоҷику афғон ба омӯзиш фаро гирифта шуда мавзӯҳои экологӣ, инчунин навиштани лоиҳаҳоро омӯхт.

Пас аз омӯзиш дар озмуни дарёфти субгрант ширкат намуда муваффақ шуд.

“Ҳадафи ман мусоидат ба паст кардани хатарҳои тағйирёбии иқлим, тоза намудани канали Салимзода ва ба ин васила  таъмини аҳолӣ бо оби полезии безарар ва саривақт таъмини хоҷагиҳо ва аҳолӣ бо об буд.

Ҷалби аҳолии атрофи канали Салимзода, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва тоза намудани канали мазкур аз километри 3 то километри 4-ум (кӯчаи Меҳнат то маҳаллаи Комбинати орд) мақсадҳои мо буд, ки ба он даст ёфтем.”,-нақл кард Акбарҷон Маҳмадалиев.   

Дар доираи лоиҳа барои тоза намудани канал асбобу олоти меҳнатро харидорӣ ва барои ҳашарчиён таъмин намуд то самаранокӣ беҳтар гардад.

Дар се чорабинӣ 160 нафарро ҷалб кард, ки 44 нафари он зан буданд. Теъдоди ҷавонон ҳам дар ин миён хеле зиёд будааст.  

“Тадбиқи лоиҳа барои ман як таҷрибаи бузург буд. Агар бо пок кардани канали Салимзода дар мавзеъи муйяншуда саҳми худро паст кардани хатарҳои тағйирёбии иқлим гузошта бошам, бар замми ин, бо суҳбату вохӯриҳо баёни аҳолӣ суханварии хешро тақвият бахшидам, маҳорати роҳбариро касб кардам.”,-қайд кард ӯ.

Вазъи канал дар ҳудуди корхонаи Комбинати ордбарорӣ. Қабл аз тадбиқи лоиҳа
Ҳолати канал баъд аз ҷалби техника дар ҳудуди корхонаи Комбинати ордбарорӣ

Акбар ёдовар шуд, ки дар баъзе аз мавзеҳо бо нерӯи даст имкони тоза кардани канал ғайриимкон буд. Бинобар ин, дар ҳудуди комибанати ордбарорӣ дар масофаи 250 метр бо ёрии техника тоза карда шуд.

Акбар барои огоҳонии аҳолӣ гӯшаи тарғиботӣ насб мекунад

Акбар  дар ҷойи ҷамъиятӣ шиор насб намуд то барои боло бурдани маърифати экологии ҷомеа мусоидат намояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад