НАВИД“Сиёма молл” чӣ гуна марказ аст?

“Сиёма молл” чӣ гуна марказ аст?

-

Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” ба истифода дода шуд.

Ин Маркази савдою фароғатӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар шафати “Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гурӯҳ” бунёд гардидааст.

Марказ аз 3 ошёна иборат буда, майдони умумии он зиёда аз 3,5 гектарро дар бар мегирад ва бинои иншоот дар масоҳати 24 000 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар бинои “Сиёма молл” 86 нуқтаи савдою тиҷорат, хизматрасонӣ, толору мағоза ва марказҳои дилхушию фароғатӣ мавҷуд аст.

Даромадгоҳи асосии бино бо атриуми болокушода ва қандилҳо оро ёфта, ҷиҳати хизматрасонӣ дар дохили бино 6 эскалатор ва 4 лифт насб гардидааст.

Дар ошёнаи 2-юми бино маркази дилхушии кӯдакона, нуқтаҳои ҳозиразамони хӯрокҳои зудомодашаванда ва толори муосири синамо мавҷуд аст. Инчунин дар нуқтаҳои алоҳидаи марказ барои мизоҷон хӯришҳои гуногун, таомҳои милливу аврупоӣ омода ва пешниҳод мегардад.

Дар ошёнаи 3-юми бино дафтари маъмурияти Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл”, толори вохӯрӣ ва ҳуҷраҳои муосири кории ширкатҳои ватанию хориҷие, ки дар ин ҷо фаъолияти тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ доранд, ҷой гардидаанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад