ОЛАМИ МАҶОЗӢБразилия X-ро масдуд кард

Бразилия X-ро масдуд кард

-

Ширкати Илон Маск, Starlink метавонад иҷозаи кор дар Бразилияро аз даст диҳад, агар соҳибкор талаботи бастани шабакаи иҷтимоии X-ро риоя накунад. Дар ин бора G1 бо истинод ба президенти Агентии миллии телекоммуникатсия хабар медиҳад. 

Раиси ин оҷонсӣ гуфтааст, агар ҳукумати кишвар гранташро бозпас гирад, Starlink метавонад аз фаъолият боз монад.

Рӯзи 17 август шабакаи иҷтимоии X дар бораи қатъи фаврии фаъолияташ дар Бразилия хабар дод. Ин тасмим дар пайи ихтилоф бо додрасҳои Додгоҳи олии кишвар дар масъалаи сензура будааст.

29 август судяи Суди федеролии Бразилия Александри де Морайс ба Маск даъватнома дод ва ба ӯ амр дод, ки дар давоми 24 соат намояндаи нави қонунии платформаро дар кишвар таъин кунад. Аммо соҳибкор аз иҷрои ин талаб худдорӣ кард.

Рӯзи 30 август Додгоҳи олии Бразилия дастур дод, ки шабакаи иҷтимоӣ дар кишвар фавран баста шавад.

Акси Илон Маск аз манбаъҳои боз

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад