БИЗНЕС-КЛУБҲисоби осони андози амвол

Ҳисоби осони андози амвол

-

Сомонаи Кумитаи андоз

Ҳисоби андози амволи ғайриманқул хеле осон аст. Зарур нест, ки барои ин кор аз касе кумак пурсед ё ба нозироти андоз ҳозир шавед.
Ба сомонаи Кумитаи андоз (andoz.tj) ворид гардида, дар қисмати поёнии сомона бахши “Ҳисобкунаки андоз”-ро пайдо ва соддаву роҳат андози амвол ва дигар навъи андозҳоро ҳисоб намоед.

Бахши "Ҳисобкунаки андоз"
Бахши «Ҳисобкунаки андоз»

Дар ин бахш ҳисоби “андоз аз даромад”, “воситаи нақлиёт”, “амвол”, “истифодаи замин”, “патент” ва “Андози ягона” имкон дорад.

Мо дар видео раванди ҳисобкунии ин навъи андозро намоиш медиҳем, ки барои шумо муфид хоҳад буд.

Объектҳои андозбандии андоз аз молу мулки ғайриманқул хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳо, бӯстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморату иншоотҳое мебошанд, ки ҳамчун молу мулки ғайриманқул эътироф шудаанд. Манбаи андоз масоҳати ҳамаи ошёнаҳои молу мулки ғайриманқул (ба истиснои иншоотҳо) мебошад, ки бо дарназардошти зарибҳо тасҳеҳ шудааст. Манбаи андоз барои иншоотҳо масоҳати замине ба ҳисоб меравад, ки дар амал онҳо ишғол намудаанд. Ҳангоми ҳисоб кардани манбаи андоз масоҳати ошёнаи якум, таҳхона, болохона, ошёнаҳои 2 — 5 ва ғайра тартиботи хос муқаррар шудааст.

Меъёри андоз аз молу мулки ғайриманқул дар ҳаҷми карат аз меъёри андози замин муқаррар карда шудааст; молу мулки ғайриманқул, дар шакли бинои истиқоматӣ — ба андозаи 15-карата; молу мулки ғайриманқул барои мақсадҳои тиҷоратӣ, нуқтаҳои хӯроки омма ва хидматрасонии маишӣ — ба андозаи 60-карата ва ғайра.

Андозсупоранда имконият дорад  дар нуқтаҳои хизматрасонии “Амонатбонк” маблағи андоз аз объектҳои ғайриманқулро бо истифода  аз кортҳои пардохтии бонкӣ (“Visa”, “MasterCard” ва “Корти миллӣ”) пардохт намояд. Дар баробари пардохти ғайринақдии маблағи андозҳои мазкур бо истифодаи кортҳои пардохти бонкӣ, тавассути сомонаи Кумитаи андоз хизматрасонии интернет-эквайринг ҷорӣ гардидааст. Мавриди истифода қарор додани хизматрасонии эквайринг ба субъектҳои хоҷагидор имконият дод, ки тавассути кортҳои пардохтӣ маблағи андозҳоро дар шакли ғайринақдӣ пардохт намоянд.  

Акси асосӣ аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад