ҲАЁТИ СОЛИМИштироки 5 ҳазор кӯдак дар фестивалҳои футбол

Иштироки 5 ҳазор кӯдак дар фестивалҳои футбол

-

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳо баргузор карда мешаванд.
Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, дар 12 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои футбол доир мешаванд, ки дар онҳо ҳудуди 5 ҳазор кӯдак ширкат мекунанд. Фестивали асосӣ рӯзи 25 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 600 кӯдаку наврас фаро гирифта мешавад.
Илова бар ин, пеш аз баргузории бозиҳои лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдомҳои вижа рӯйи даст гирифта мешаванд.
Қобили зикр аст, ки 7 май Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.
Акс аз шабакаи интернет
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад