ОЛАМИ МАҶОЗӢАксҳои қалбакӣ чаро сохта мешавад?

Аксҳои қалбакӣ чаро сохта мешавад?

-

Бархе бо бозӣ ба эҳсоси дигарон лаззат мебаранд ва гоҳо чунин амалҳо барои таъсир ба афкори ҷомеа анҷом мешавад Бо рушди техналогия ин раванд осонтар шуд. Тариқи интернет акс, видео ё матне паҳн карда мешавад, ки ба равони дигарон таъсир мерасонад. Аммо на ҳамаи мо барои дуруст  буданё набудани он санҷише анҷом медиҳем.

Ҳамаи мо дар ёд дорем, ки солҳои 2016 акси писарбачаи суриягӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва босуръат паҳн шуд, ки миёни қабрҳои волидонаш хобидааст.

Суратгир Абдул Азиз ал-Отайби бо тасвирбардории ин саҳнаи сохта  муҳаббати кӯдакон ба волидайни худро нишон доданӣ шудааст ва акс ба ҳодисаҳои Сурия ҳеҷ иртиботе надорад.

Ин тасвир эҳсосоти нафарони зиёдеро бедор карда буд
Қабл аз саҳнасозӣ

Тасвири машҳуре, ки дар ИМА тақрибан соли 1928 гирифта шудааст. Духтари хурдсол дар дохили зарфи партов ва дар паҳлӯяш лавҳаи «кӯдакони зиштро дар ин ҷо гузоред». Вале маълум шудааст, ки лавҳа дасткорӣ шуда,  дар нусхаи асл навиштааст, сабзаро ҳифз кунед.

Навитаҷоти дасткоришудаи «Кӯдакони зиштро инҷо гузоред»
Навиштаҷоти асл: «Хоҳиш, сабзаро ҳифз кунед»
Маълум кардани акси дар ин ё он маводи истифодашуда хеле осон аст.

Тасвирро ҳамчун намуна дар Google Pictures ё Yandex.Images ё tineye ворид мекунем.

Василаҳои ҷусторӣ маълумотро дар бораи ин акс пешниҳод мекунанд, ки аввалин бор кай кадом сомона ин аксро истифода кардааст. Дар ин ҳолат, маълумоти бештарро дар бораи акс ба даст меорем. Агар ҷустуҷӯ ягон натиҷа надиҳад, ба ин маъност, ки тасвир нав аст.

Пас шумо бояд тафтиш кунед, ки оё акс дар Photoshop тағйир дода нашудааст.

Бо FotoForensics, JPEGsnoop, Serelay, Truepic ва  Forensically низ метавонед қалбакӣ будан ё набудани аксҳоро мушаххас кунед.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад