ҲАЁТИ СОЛИМҲисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар соҳаи тандурустӣ омилҳои коррупсионро кам мекунад

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар соҳаи тандурустӣ омилҳои коррупсионро кам мекунад

-

Соҳаи тандурустӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои иҷтимоии кишвар аст. Аммо ҳамин соҳа метавонад аз ҷиҳати коррупсия осебпазир бошад. Зеро, яке аз соҳаҳои бисёрсамта, серкорманд буда, муроҷиати корафтодаҳо низ зиёд аст. Барои мисол, ҳоло дар муассисаҳои тандурустии кишвар 22 ҳазору 150 табиб ва 63 ҳазору 783 корманди миёнаи тиб кор мекунанд.

Гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар соҳаи тандурустӣ яке аз роҳҳоест, ки омилҳои коррупсионро кам мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо, вақте ки пули нақд дода мешавад, на танҳо бақайдгирии расмӣ заъиф мегардад, балки назорат суст мешавад.

Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ чаро муҳим аст?

🔹 Пул танҳо ба суратҳисоби муассиса меравад, на ба ҷайби шахсӣ

🔹 Ҳамаи харҷҳо ба қайд гирифта мешаванд

🔹 Назорат ва таҳлил осон мешавад

🔹 Эътимоди ҷомеа боло меравад.

Дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар беш аз 1,5 ҳазор воситаи пардохтҳои электронӣ, аз ҷумла 820 постерминал ва 771 QR- рамз пайваст гардидааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Тоҷикистон мегӯяд, муомилоти ғайринақдиро дар муассисаҳои тиббӣ рушд медиҳанд то омилҳои коррупсонӣ аз байн равад. видео Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ — ин як қадами оддӣ, вале қавӣ ба сӯи тандурустии одилона ва шаффоф аст.

Шумо барои рушди яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, яъне, тандурустӣ кадом омилҳоро муҳим медонед, дар шарҳҳо нависед!

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад