Без рубрикиМодаре ки асои духтари нобинояш гаштааст (Видео)

Модаре ки асои духтари нобинояш гаштааст (Видео)

-

Модари Ҷаннатбӣ Қарахонова ҳар рӯз 18 километр роҳро тай намуда, духтари нобинояшро ба мактаб мерасонад. Ӯ мегӯяд, ин кор барояш осон нест. Зеро, дар хона дигар касе надорад, ки тифли дигарашро то бозгашт аз мактаб парасторӣ кунад.

Ҷаннатбӣ Қарахоноваи нобино аз ҷамоати деҳоти Кирови ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аст. Ӯ модарзод нобино набуд.  Дар хӯрдӣ бар асари таби баланд ба ин ҳол гирифтор шуд. Волидайнаш барои барқарор кардани саломатии духтарашон ба табибони зиёд муроҷиат карданд, вале талошҳояшон натиҷа надод. Ӯ ҳанӯз 9 сол дорад ва дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5- шаҳри Бохтар дар синфи 3-юм таҳсил мекунад.

Дар вилояти Хатлон даҳҳо нобино бо вуҷуди маълулият аз таълиму тадрис қафо монданӣ нестанд. Бархеи онҳо аз ноҳияҳои Вахшу Хуросон барои илмомӯзӣ ба шаҳри Бохтар меоянд.

Хонаводаҳои ин нафарон мегӯянд, фарзандони нобинояшон бояд омӯзанд ва соҳиби шуғл гарданд. Зеро, оянда тавонанд бо ҳунари худ зиндагии хешро пеш баранд.

Маҳбуба Сабурова, бибии Ҷаннатбӣ Қарахонова барои наберааш ҷигархун аст. Зеро, намедонад чӣ ояндае дар пешорӯяш ҳаст. Ҳоло Ҷаннатбиро модар ва бародари ягонааш муроқибат мекунанд. Ҳар рӯз ӯро модараш аз деҳа ба шаҳр ба мактаб мебарад. Бибияш мегӯяд, аз рӯзе, ки наберааш хонандаи мактаб шудааст, рафтор ва шуурнокияш мусбат тағйир ёфтааст. Аммо мушкили ягонаи онҳо дурии роҳи мактаб ва гаронии роҳкирост.

“Харҷи якрӯзаи роҳ 10 сомонӣ аст. Фикри ояндаашро карда истодаем. Ӯ бояд хонад, дониш ва касб аз худ намояд. Шояд оянда рӯзғори худро таъмин намуда, муҳтоҷи касе нашавад.”,- мегӯяд бибии Ҷаннатбӣ.

Қарахонова ягона духтари нобино дар вилояти Хатлон нест, ки ба омӯзиш фаро гирифта шудааст. Мисли ӯ чанд нафар ҳамтақдиронаш низ ба мактаб мераванд. Шукрона Исозода ва хоҳараш Гулистон ҳарду нобино аз шаҳри Бохтар ҳастанд, ки дар мактаб таҳсил мекунанд. Инҳо мехоҳанд дониш омӯзанд. Шукрона дар оянда орзуи сароянда шуданро дорад. Қобилияти хуби сурудхонӣ ва қироати шеърро дорад. Ба дарсҳо бо омодагии ҷиддӣ ҳозир мешавад.

“Мехоҳам мисли Манижаи Давлат овозхонӣ хуб шавам. Ҳамагон дӯстам доранд. Дар хона суруд мехонам. Шеърҳои бисёр аз худ кардаам.”,- бо табассум нақл мекунад Шукрона Исозода.

Муниса Гулова дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Бохтар, ки барои нобиноён пешбинӣ шудааст, дарс мегӯяд. Кори ин омӯзгор мушкил аст, вале барои савоб онро анҷом медиҳад:

“Раванди омӯзиши нобиноён аз хонандагони макотиби муқарарӣ фарқ мекунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки хонандагон то синфи 11 таҳсил мекунанд, нобиноён то синфи 12.”

Агарчи 15 октябр Рӯзи байналмилалии нобиноён дар ҷаҳон аст, вале мо набояд танҳо ҳамин як рӯз  ба онҳо таваҷҷуҳ намоему бас. Чунки ин қишри ҷомеа ҳамеша ба парастор ва таваҷҷуҳ ниёз доранд ва мустиқилона ба ҷойе намерасанд.

15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи “Асои сафед”-рӯзи нобиноён қайд мешавад. “Ин сана аввалин бор 15 октябри соли 1964 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ташаббуси Федератсияи байналмилаии нобиноён қайд шуд. Соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15-октябрро Рӯзи “Асои сафед” эълон кард.

Амонҷон Муҳиддинов

Рӯзноманигор

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад