МУВАФФАҚИЯТҚОСИДЕ КИ PIZZA НЕ, КИТОБ МЕРАСОНАД. Ӯ КИСТ? (Видео)

ҚОСИДЕ КИ PIZZA НЕ, КИТОБ МЕРАСОНАД. Ӯ КИСТ? (Видео)

-

Як ҷавони 19-сола бо ду ҳамсабақаш ба мардум китоб дастрас менамоянд. Ҳадафашон таблиғи китобхонӣ буда, ҳатто ба онҳое, ки тавони молии хариди китобро надоранд, аз ҳисоби ҷайби худ китоб харидорӣ ва ҳадя мекунанд.

Комрон Сафаров донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон портали Bookhouse-ро созмон додааст, ки ба мардум китоб дастрас мекунад. Ӯ ҳоло ин иқдомро ҳамроҳи ду ҳамкурсаш амалӣ менамоянд. Ба ҷуз ин, ӯ ҳамчунин дар ТҶ “Пешрафт” ризокор аст.

Комрон зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон буда, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Данғараро хатм намудааст.

Замони мактабхонӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо пешниҳоди лоиҳаҳо иштирок ва соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

Комрон бо ҳамсинфонаш дар олимпидаҳои байналмилалии Қазоқистон ва Руминия ширкат варзида, лоиҳаашон яке аз беҳтаринҳо ҳисобида шудааст.

Ҳоло ӯ дар курси дуюм аз рӯйи ихтисоси иқтисоди ҷаҳон дар ДДМИТ таҳсил мекунад.

“Августи соли 2020 пеш аз оғози соли хониш тасмим гирифтам, ки як портали фурӯши китобҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монам. Ҳоло интернет-мағозаи Bookhouse-ро дар се шабака – Facebook, Instagram ва Telegram фаъол намудам. Ин иқдомро аз фурӯши китобҳои “Хазинаи маърифат” оғоз намудам ва пас аз гузашти ду-се моҳ китобҳои серхонандаи ҷаҳонро ба роҳ мондам ва натиҷаи хуб ҳам дод.”, — мегӯяд Комрон.

Комрон ҳамроҳи ҳамкурсон дар аввал хариди китобҳоро аз идрорпулиашон (стипендия) шурӯъ мекунанд. Баъдан, пас аз ба фурӯш рафтани китобҳо хароҷотро аз ҳисоби даромад мепӯшониданд. Онҳо бо фоидаи ба дастовардашон китоб харидорӣ намуда, ба нафарони нодор ҳадя мекунанд. Муштариёни Bookhouse асосан сокинони шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор ва Бохтар мебошанд.

“Ҳоло дар заминаи Bookhouse ман дар гурӯҳамон байни ҳамкурсон хониши дастаҷамъона – Clubhouse-ро оғоз намудем. Ба ҳамкурсон китобҳоро дар аввал ройгон дастрас мекунем ва пас аз мутолиа берун аз соатҳои дарсӣ сари китоби хондашуда баҳсҳо ташкил мекунем. Ин иқдомро мехоҳам пас аз ба даст овардани натиҷаи мусбат байни сокинони пойтахт роҳандозӣ намоям. Ҳадафи мо як аст ва он ҳам тарғиби китобхонӣ байни донишҷӯён, сокинони пойтахт ва аҳолии кишвар.”, — гуфт Сафаров.

Комрон ба ҷуз аз қосидиву волонтёрӣ ва дизейнерӣ, инчунин аз уҳдаи сохтани сомона низ мебарояд.

Масъули сабт ва пахши видеоҳо саҳифаи ютубии “Хазинаи маърифат” ӯст. Комрон донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва туркӣ мебошад.

Нуралӣ Карим

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад