МУВАФФАҚИЯТШукуфа мехоҳад тамизкорзанон дастонашонро дар партов назананд

Шукуфа мехоҳад тамизкорзанон дастонашонро дар партов назананд

-

Шукуфа Раҳмон паноҳандаи афғон дастгоҳеро сохтааст, ки аз тариқи он партовҳои ҷубору сари роҳро мешавад ҷамъоварӣ кард.  

Айни ҳол ӯ бо аҳли оилаашон дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ин наврас тӯли 2 сол аст, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ ихтиёр карда, дар ин ҷо орзуҳояшро амалӣ мекунад. Зеро, ҳавасҳои фурӯзандаи қалбашро дар зодгоҳаш-шаҳри Кобул натавонист ҷомаи амал пӯшонад.

Ҳоло Шукуфа дар баробари таҳсил, ҳамчунин дар маркази рушди истеъдодҳо малакаву маҳорати хешро сайқал медиҳад.

 “Бо дастгирии устодон дастгоҳи партовтозакуниеро ихтироъ карда онро “Pick up” ном ниҳодем. Дастгоҳи ихтироъкардаи мо метавонад ҷӯйборҳоро ба воситаи дандонаҳои худ аз партовҳо тоза намояд. Муҳаббат ба ихтироъкориву навоварӣ ҳанӯз дар Афғонистон буданам аллакай дар дилам  ҷӯш мезад, аммо бо сабаби камбуди мавод ва набудани имконот тахаюлотамро танҳо дар варақпораҳо амалӣ мекардам.”,нақл кард Шукуфа.

Шукуфа бо як гуруҳ духтарони афғон, ки ҳоло ба Тоҷикистон паноҳ офардаанд, ин ҷо пайи таҳсил ҳастанд. Ӯ мехоҳад ҳамин дастгоҳи сохтаи худро дар оянда бузургтару бисёрамала намояд:

Мақсади асосии ман аз ихтирои дастгоҳ ин кумак ба мардум ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аз ҳар гуна партовҳои зиёновар ба табиат мебошад. Ин дастгоҳро тӯли се моҳ сохтем. Аслан барои тоза кардани партовҳо пешбинӣ шудааст. Зеро, имрӯз ин корро баъзан занону духтарон бо дастони худ мекунанд, ки ин ба саломатии онҳо таъсири манфӣ расонида, боиси сар задани бемориҳои пӯст мегардад.”,-мегӯяд ихтироъкори ҷавон Шукуфаи Раҳмон.

Идеяи сохтани ин дастгоҳро Шукуфа миёни ҳамсинфонаш пешниҳод намуда, дар якҷоягӣ онро сохтаанд. Ин аввалин қадами ӯ буда, талош дорад оянда  ба дастоварди бузургтару комилтар даст ёбад.

Шукуфа  баробари таҳсил дар мактаби миёна, инчунин узви маркази эҷодии кӯдакон  ва наврасони шаҳри Ваҳдат буда, ба курсҳои омӯзишӣ низ ҷалб шудааст. Ӯ донандаи хуби забони англисӣ мебошад. Шукуфа  мегӯяд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ зиёд писанд афтодааст ва мехоҳад таҳсилашро дар ҳамин ҷо идома диҳад:

Маҳз имконият ва шароите, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои касбомӯзиву донишандӯзии наврасону ҷавонон муҳайё шудааст, ба мо ҳам фурсат шуд, ки аз ин  шароити мусоид, ба монанди омухтани забонҳои хориҷӣ, курсҳои кампютерӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқу  техникаву техналогияи муосир баҳравар гардем. Ин шароиту имконият дар Афғонистан хеле кам аст”.

Дастгоҳи сохтаи Шукуфа аввалин дастоварди ӯ буда ба ин кори худ ӯ ҳанӯз қаноатманд нашуда, орзу дорад, ки баъдт хатми мактаби миёна ба ягон донишгоҳи бонуфӯзи Тоҷикистон дохил гардида, василаҳоеро созад, ки кори занону духтаронро осон намояд.

Меҳронаи Давлат

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад