ҲАЁТИ СОЛИМҚонун меҳнати иҷбории кӯдакро манъ кардааст. Дар амал чӣ?

Қонун меҳнати иҷбории кӯдакро манъ кардааст. Дар амал чӣ?

-

Сафомуддини 17-сола таътили тобистонаро дар “Мошинбозор” ба шустани нақлиёт сипарӣ мекунад. Ӯ маблағи бадастовардаро барои хариди сару либоси мактабии худу бародараш сарф мекунад.  Ин тобистон ҳудуди се ҳазор сомонӣ ба даст овард.

Сафомуддин дар аксгузориш

Барои Сафомуддин ба даст овардани қути лоямут осон нест, “соҳибони мошинро мепурсем, ки мошинатонро шӯям. Якеаш розӣ мешавад, дигарӣ рад мекунад. Яке бар ивази шӯстушӯи нақлиёт сомонӣ пешниҳод мекунад. Яке дигар даҳ сомонӣ медиҳад. Барои шустани мошин об лозим аст, ки бар ивази об 10 сомонӣ ҳар рӯз медиҳем.”

Сафомуддин мегӯяд, соли панҷум аст, ки мошиншӯӣ мекунад, вале пинҳонӣ аз чашми кормандони ҳифзи ҳуқуқ. Агарчи гоҳо ба даст меафтад.

Пинҳонӣ кор мекунем, зеро, ҷарима мекунанд. Кормандони милитсия мегӯянд, падару модар хуронаду пӯшонад.

Сафомиддин ва мисли ӯ садҳо навраси дигарро нодорӣ ба корҳои мавсимӣ водор мекунад.

Мавҷудаи 15-сола дар таътили тобистона ба  корҳои саҳроӣ машғул мешавад. Мавҷударо миёни ҷӯйҳои пахта ва замини шолӣ дарёфтем. Ӯ мегӯяд, анҷоми ин корҳо барояш душвор нест. Маблағи бадастовардаро барои хариди либоси мактабӣ гирд овард ва волидонашро аз як ташвиш раҳонд.

Мавҷуда дар аксгузориш

    

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, мавзӯи меҳнати кӯдакон яке масъалаи печида дар низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба ҳисоб меравад. 

Суҳалӣ Қодирӣ, Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд,  кишварҳои зиёде ҳастанд,  ки бо вуҷуди ҳамроҳшавӣ ба  Конвесия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ин масъаларо ба таври ҷиддӣ дар қонунгузории миллиашон танзим накардаанд.

Суҳалӣ Қодирӣ

Ба таъкиди ҷаноби Қодирӣ, қонуни кишварҳои узв  мутобиқ ба модаи 32-и Конвенсияи СММ оиди ба ҳуқуқи кӯдак бояд бошад, ки мушахасан оид ба уҳдадории давлати иштирокчӣ  гуфта шудааст. На танҳо ҷалби кӯдак ба меҳнат ҳатто вобаста ба синну сол бардоштани бор низ дар ин меъёр аст.

«Дар Тоҷикистон ин меъёрҳо мушахас  ҳастанд. Ҳам давомоти рӯзи корӣ  ва ҳам тибқи як қарор бардоштани вазн аз рӯйи синну сол ва ҷинс. Бардоштан ва кашонидани борҳои вазнин ба таври дастӣ мунтазам дар давоми басти корӣ барои писарони аз 14-сола то 17-сола  аз 3 то 4 кг. Барои духтарон аз 2 то 3 кг муқаррар шудааст…», -иттилоъ дод ин ҳуқуқшинос.

Дар Конвенсия синну соли мушаххас зикр намешавад. Аз ин лиҳоз давлати инширокчии конвенсия -Тоҷикистон ҳамин меъёрро дар Кодекси меҳнат мушахас намудааст.  Масалан, нафаре, ки ба синни 15 расидааст метавонад  ҳамчун корманд  як тарафи  шартномаи меҳнатӣ бошад. Ҳамчунин як меъёри дигари хубе дар ин қонун мавҷуд аст, ки  дар ҳолати истисно ба 14-сола низ иҷозат дода мешавад. Яъне, аз 14-солагӣ дар театр, ташкилотҳои ба наворгирии синамо, консертҳо, сирк  ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ безарар расонидан  ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон кӯдакон иштирок карда метавонанд.

Ҷалби кӯдак ба кор аз 15-солагӣ расман иҷозат дода шудааст.  Падару модар метавонанд кӯдаконро ба кор ҷалб кунанд, вале ба саломатии кӯдак таъсири манфӣ набояд расонда шавад.

Дар ҳамин ҳол аз Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло дар Тоҷикистон меҳнати маҷбурии кудак ба назар намерасад. Зеро, барномаҳои махсус оиди пешгирии меҳнати вазнини кӯдак рӯи даст гирфта шудааст. 

Муаллиф: Абдураҳмон Раҳмонов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад