ОЛАМИ МАҶОЗӢЧаро IMEI дар Системаи давлатӣ бояд ворид гардад?

Чаро IMEI дар Системаи давлатӣ бояд ворид гардад?

-

IMEI -рақами силсилавии иборат аз 15 адад аст. Он дар дастгоҳи мобилӣ, талони кафолатӣ, дар қуттии телефон насб шудааст.
Ҳама гуна дастгоҳе, ки бо SIM-корт кор мекунад, IMEI дорад. Телефони дусимкартадор дорои ду IMEI аст. Агар Шумо IMEI-и дастгоҳи худро намедонед, пас, *#06# – ро дар телефони худ рақамчинӣ кунед.

Дар Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 (№ 208) рамзҳои IMEI бояд ба қайд гирифта шаванд.

Қарори Ҳукумати ҶТ

Агар мехоҳед фаҳмед, ки IMEI-и телефони шумо дар махзани ягонаи миллӣ сабт шудааст ё не, бо рақамчинии *3366# дар дастгоҳи худ ё воридшавӣ ба сомонаи www.imei.tj. инро муайян намоед. Сабти ИМЕЙ дар системаи давлатӣ ройгон аст.

Тафтиши imei-и дастгоҳи хеш дар сомонаи www.imei.tj

Ҳангоми воридсозӣ ба системаи давлатӣ агар телефон ё планшет аз расмиёти гумрукӣ нагузашта бошад, декларатсияи гумрукӣ талаб карда мешавад.

Барасмиятдарории гумрукии мол уҳдадории воридкунанда аст. Бинобар ин, зимни хариди телефон рамзи IMEI-ро тафтиш карда аз фурӯшанда дикларатсияи гумрукии молро талаб кунед. Зеро, дар декларатсия ҳатман бояд IMEI зикр мешавад.

Агар чунин нест, ин телефон қочоқ ҳисоба шуда, пас аз 30 рӯзи тақвимӣ хизматрасонӣ алоқаи мобилӣ барои ин дастгоҳ қатъ мегардад.

Агар худи Шумо барои истифода аз хориҷ телефон ё планшет ворид кардед, дар гузаргоҳи гумрукӣ аз намояндагони гумрукӣ дикларатсия ё эъломияи шакли Т6-пурсида онро пур кунед. Ин комилан ройгон аст.

Намунаи дикларатсия

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон арзиши расмиёти гумрукӣ 15% андоз аз арзиши умумии дастгоҳро ташкил медиҳад.

Ворид намудани рамзҳои IMEI дар дастгоҳҳои мобилӣ, бо мақсади тиҷоратӣ воридшаванда ба низоми давлатӣ, тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби шахсоне, ки дастгоҳҳои мобилӣро ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид кардаанд, амалӣ мегардад.
Тибки иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2022 ба кишвар расман 64 ҳазору 130 адад дастгоҳи мобилӣ ворид шудааст. Дар хамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, дар кишвар тақрибан 12 миллион рамзи IMEI фаъол мавҷуд будааст.

Аксҳо аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад