ВАРЗИШКашиши рагҳо дар об боиси ғарқшавӣ мегардад?

Кашиши рагҳо дар об боиси ғарқшавӣ мегардад?

-

Ҳангоми оббозӣ ҳолате пеш меояд, ки раги пойҳо кашида мешаванд, ки инро бо забони илм кашиш, ихтилоҷ, рагкашӣ меноманд. Ин дарди шадид дар мушакҳо маъмулан якчанд дақиқа давом мекунад ва баъзан хеле сахту ноҳинҷоркунанда аст. Бахусус, агар инсон дар об бошад, дар ин ҳол шино барояш мушкил мешавад ва ӯро метавонад тарсу ҳарос фаро гирад.

РАГҲО АЗ ЧӢ КАШИШ МЕХӮРАНД?

Ин кашишхӯриҳо ҳангоми оббозӣ ғайриихтиёр ва дардовар пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат шиновар наметавонад ба ҳаракати худ идома диҳад ва агар ҳаракат ҳам мекунад, на бо суръати қаблӣ. Агар вай дур аз соҳил бошад, хатарҳое ӯро таҳдид мекунанд. Кашиш ҳангоми шиноварӣ ин кашидани рагҳои пой  ва сусту камҳаракат кардани он аст ва дар як муддати муайян вай наметавонад худ аз худ аз миён равад.

САБАБҲО: аз ҳад зиёд таранг шудани мушакҳо, бештар аз меъёр сард шудан, шиддати эҳсосот, хастагӣ.

Пас чӣ бояд кард? Бояд чанд қоидаро риоя намуд. Инҳо:

Қоидаи аввал: ба қаъри об шино накунед! Ин бештар ба касоне дахл дорад, ки дар гузашта ҳангоми шино ба кашиши мушакҳои пой ё даст рӯ ба рӯ шудаанд. Чаро бояд ҷони худро дар хатар андохт?

Қоидаи дуюм: Ба воҳима дода нашавед! Сабаби асосии ҳамаи мушкилот ва бадбахтиҳо дар об назорат карда натавонистани тарс аст. Аз ин рӯ аввалтар аз ҳама бояд худро ба даст гирифт.

Қоидаи сеюм: Таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ ҷалб намоед. Дар ҳамаи ҷойҳои оббозӣ ғаввосони пуртаҷриба ҳастанд, ки атрофро назорат мекунанд. Ва агар шумо ҷониби соҳил дастафшонӣ мекунед, яқинан онҳо мутаваҷҷуҳ мешаванд ва ба шумо ёрӣ мерасонанд.

БОЗ ЧӢ БОЯД КАРД?

1. Аз кашидани рагҳо пешгирӣ намоед. Барои ин қабл аз он ки вориди об шавед, дар соҳил машқҳои одӣ барои гарм шудани баданро анҷом диҳед ва бо ин васила шумо мушакҳоятонро омода мекунед.

2. Ба об тадриҷан ворид шавед, то бадани шумо ба ҳарорати гуногун батадриҷн омода шавад.

3. Дар ҳоли кашиши рагҳо талош кунед аввал поятонро аз пошна ба тарафи худ кашед. Дар аксар маврид ин метавонад барои бартараф кардани рагкашӣ ёрӣ расонад.

4. Агар шумо ҳисс кардед, ки ҳангоми шино раги поятон кашид, ба воҳима дода нашавед, чун ин мушкили гузаранда аст. Дар навбати аввал оромиро ҳифз кунед. Баъдан талош намоед ҷойи рагкашидаро тадриҷан кашед. Барои ин нафасро нигоҳ дошта, сарро зери об кунед, бо дастонатон ангуштони пойро доред ва кафи пойро ба тарафи худ кашед.

5. Агар рагҳои мушаки пой кашиш хӯрда бошанд, зуд бо нохун ба онҳо халед ва дард метавонад боиси бартараф гардидани кашиш шавад.

6. Ба об дар ҳоли сархӯшӣ аз нӯшокиҳои спиртӣ ворид нашавед.

7. Агар кашиши рагҳо барои шумо зуҳуроти ҳамешагӣ шуд, пас тавсия медиҳем, ки ба духтур муроҷиат намоед.

Бори дигар дар бораи вақтҳои муносиби оббозӣ

Замони беҳтарини оббозӣ субҳ ва ё бегоҳ аст. Ҳарорати об набояд аз 18-19 дараҷа паст бошад, ҳарорати ҳаво 20-25 дараҷа. Давомнокии оббозӣ аз ҳарорати ҳаво, намнокӣ ва қувваи бод вобаста аст. Шароити нисбатан муносиби оббозӣ ин ҳавои равшанест, ки шамол надорад ва ҳарорати ҳаво на бештар аз 25 дараҷа бошад.

Низоми нисбатан мақбули оббозӣ ин аст:

•  дар ҳарорати то 18 дараҷа гармӣ аз 6 то 8 дақиқа;

•  дар ҳарорати 20 дараҷа гармӣ аз 10 то 12 дақиқа;

• дар ҳарорати бештар аз 20 дараҷа 15-20 дақиқа оббозӣ кардан меъёр аст.

Дар ҳоли бештар аз ин меъёр дар об мондан инсон хаста мешавад, тағйири ҳарорати ҳаво муҷиби кашиш хӯрдани рагҳо мегардад.

Манбаъ: https://www.khf.tj/node/3393

Аксҳо аз шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад