ҲАЁТИ СОЛИМДу рӯз хокбориш. Чӣ бояд кард?

Ду рӯз хокбориш. Чӣ бояд кард?

-

Шурӯъ аз имрӯз то фардо (14-15 июли соли 2023) дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ бар асари шиддати шамол аз самти ҷанубу шарқ (бо суръати 13-18 м/с) гарду чангу хокбориш дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳи шимоли вилояти Суғд олудагии ҳаво аз ҳисоби ҳиссачаҳои гарду чанги андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) хоҳад буд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид тавсия медиҳад:

Дару тирезаҳоро пӯшед ва бештар об нӯшед”. Ҳушдори КҲФ аз “тундбоди афғонӣ”
КҲФ тавсия дод, ки барои пешгирӣ аз таъсири ҳавои номусоид ба саломатӣ чӣ бояд кард.
Дар қаламрави Тоҷикистон ҳафтаи равон бар асари шиддат гирифтани шамол аз самти ҷанубу шарқ (бо суръати 13-18 м/с) гарду чангу хокбориш дар назар дошта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14 – 15-уми июл дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷануб ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳи шимоли вилояти Суғд олудагии ҳаво ва гарду чанг пешбинӣ мешавад.
Дар байни мардум он чун “тӯфони афғонӣ” маъруф аст.
Дар ҳамин иртибот, Кумита барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид чунин тавсия медиҳад:
1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2 — 2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед, ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин, шумо метавонед, тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
3. Пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
— дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
— ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;
— агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 занг занед ё бо қисми навбатдории КҲФ: 223-13-11; 93 880 28 19 тамос гиред.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
225-44-73; 225-44-76; 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
(83222) 2-35-05; 2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:
(83322) 2-36-60; 2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
(83522) 2-40-57; 2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
(83422) 6-58-72; 5-15-55.

Акс аз интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад