МУВАФФАҚИЯТҚулфинайпарварӣ: кори пурмашаққат, вале сердаромад

Қулфинайпарварӣ: кори пурмашаққат, вале сердаромад

-

Яке аз гармхонаҳои Бобоҷон

Бобоҷон Одинаев cоли 7-ум аст, ки бо аҳли оилааш деҳқонӣ мекунад. Қитъаи хоҷагии деҳқониаш 1 га заминро ташкил медиҳад, ки дар он 20 гармхона бунёд намуда, дар 10 адади он парвариши қулфинайро ба роҳ мондааст. Ӯ мегӯяд, навъи қулфинайи русиро парвариш мекунад, зеро, барои содирот муносиб аст.

“Дар як чинак то 300 кг ҳосил ҷамъ меоварем. Харидорон назди мо омада маҳсулотро харидорӣ мекунад. Аз охирҳои моҳи март то авоили моҳи май мо ҳосилро ҷамъоварӣ мекунем.”,-мегӯяд ин деҳқон.

Хонаводаи Одинаевҳо дар ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш аз субҳ то шом кор мекунанд. Бобоҷон Одинаев қабл аз ташкили хоҷагии деҳқонӣ барои пайдо кардани кори муносиб ва пул ба Русия мерафт, вале бо мушкилиҳое мисли пайдо накардани ҷойи кори муносиб, сари вақт нагирифтани ҳақмузд, ҳуҷҷатгузорӣ рӯ ба рӯ мешуду дурӣ аз зану фарзанд азияташ медод…

«Тақрибан 50 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифтем. Арматуру матоъи плостик (клеёнка) ва тухмҳои хушсифат харидорӣ карда, ба деҳқонӣ оғоз кардам. Шабу рӯз заҳмат кашида, қарзи бонкро пардохтем ва вазъи иқтисодии оилаамонро низ беҳ сохтем.»,- нақл кард Б. Одинаев.

Ин деҳқон таъкид мекунад, ки парвариши қулфинай заҳмат ва харҷи зиёдро талаб мекунад, вале даромади хуб низ дорад. Ҳоло ягона манбаи даромади хонаводааш аз ҳисоби як га замин аст. Бо ташкили хоҷагии деҳқонӣ фарзандонро аз машаққати муҳоҷират низ раҳо кардааст.

Аксарияти сокинони ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш ба кишту парвариши қулфинай машғул ҳастанд. Ҳамасола аз авалинҳо шуда, маҳсулоташонро ба бозор мебароранд. Вахш аз ноҳияҳои овозадор дар парвариш ва содироти қулфинай дар саросари вилояти Хатлон маҳсуб мешавад.

Амонҷони Муҳиддин

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Дар Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 23 июн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...
spot_imgspot_img

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад