МУВАФФАҚИЯТСе таҳдиди буҳронҳои марбути об ба ҳаёти 190...

Се таҳдиди буҳронҳои марбути об ба ҳаёти 190 миллион кӯдак

-

Се таҳдиди буҳронҳои марбут ба об ҳаёти 190 миллион кӯдакро зери хатар мегузорад.  ЮНИСЕФ даъват намудааст, ки ба иншооти обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошти ба тағйирёбии иқлим тобовар сармоягузории оҷил карда шавад.

«Мувофиқи таҳлили тозаи ЮНИСЕФ дар 10 кишвари африқоӣ дар натиҷаи омезиши се таҳдиди марбут ба об 190 миллион кӯдак таҳти хатари бузургтарин қарор гирифтаанд. Хатарҳои мазкур норасоии об, санитария ва беҳдошт, инчунин бемориҳои алоқаманд ба онҳо ва таҳдидҳои иқлим мебошанд.»,-омадааст дар матлаби Юнисеф.

Тибқи таҳлили зикршуда, таҳдиди сегона аз ҳама бештар дар Бенин, Буркина-Фасо, Камерун, Чад, Кот-д’Ивуар, Гвинея, Малӣ, Нигер, Нигерия ва Сомалӣ эҳсос мешавад. Дар натиҷаи ин Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ ба яке аз минтақаҳои ҷаҳон, ки аз таъсирҳои иқлим бештар аз ҳама бо норасои об дучор гардидаанд, табдил ёфтааст. Илова бар ин, аксари кишварҳои аз ҳама бештар зарардида, махсусан дар минтақаи «Соҳили» Африқо дучори ноамнӣ ва низоъҳои мусаллаҳона гардидаанд, ки ин ҳолат дастрасии кӯдаконро ба оби тоза ва санитария боз ҳам бадтар менамояд.

Дар 10 «минтақаҳои доғ» қариб аз се як ҳиссаи кӯдакон дар хонаашон ҳадди ақал ба об дастрасӣ надошта, аз се ду ҳиссаи дигар иншооти оддии санитарӣ надоранд. Инчунин, аз чор як ҳиссаи кӯдакон ба ҷуз аз қазои ҳоҷат дар берун дигар илоҷе надоранд. Беҳдошти дастон низ маҳдуд аст: аз сабаби дар хона набудани об ва собун аз чор се ҳиссаи кӯдакон наметавонанд дастони худро шуянд.

Ҳамин тариқ, аз сабаби сифати номуносиби иншооти WASH дар кишварҳои мазкур бемориҳои шадиди мислӣ дарунравӣ боиси фавти зиёди кӯдакон мешаванд. Масалан, дар давоми соли гузашта аз 10 кишвар дар 6-тоаш бемории вабо хуруҷ намудааст. Дар саросари ҷаҳон зиёда аз 1000 кӯдаки то панҷ сола ҳамарӯза аз бемориҳои марбут ба WASH аз олам чашм мепӯшад, ки аз 5 ҳолат тақрибан 2-тоаш танҳо дар 10 кишвари зикршуда рух медиҳад.

Инчунин, ин «минтақаҳои доғ» ба шумори 25 дарсади 163 кишварҳои ҷаҳон, ки аз ҳама бештар таҳти хатари осебпазирӣ ба таҳдидҳои иқлимӣ ва экологӣ қарор доранд, шомил мебошанд. Дар баъзе минтақаҳои Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ ҳарорати хело баланди ҳаво суръати паҳншавии патогенҳоро зиёд мекунад. Аз ин сабаб, дар муқоиса бо нишондиҳандаи миёна дар саросари ҷаҳон, дар ин ҷо патогенҳо то 1,5 маротиба зудтар афзоиш меёбанд. Сатҳи обҳои зеризаминӣ низ коҳиш ёфта, баъзеи ҷомеаҳоро маҷбур месозад, ки дар муқоиса бо ҳамагӣ даҳ сол қабл ду маротиба чуқуртар чоҳ кобанд. Ҳамзамон боронгариҳо низ дер-дер ва камшиддат шудаанд, ки ин омил боиси обхезиҳо ва ифлосшавии захираҳои аллакай ками об шудааст.

Ҳамзамон, тамоми 10 кишвари «минтақаи доғ» аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ҳамчун номуътадил ё хело номуътадил тасниф шудаанд. Илова бар ин шиддати муноқишаҳои мусаллаҳона дар баъзе мамлакатҳо боиси коста шудани пешрафт дар самти таъмини оби тоза ва санитария гардидааст. Масалан, ҳамчун як тактикаи кӯчонидани аҳолӣ дар Буркина-Фасо ҳолатҳои ҳамла ба иншооти обтаъминкунӣ афзоиш ёфтааст. Соли 2022 58 иншооти обтаъминкунӣ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар муқоиса бо соли 2021 ин теъдод ба 21 ва соли 2020 ба 3 ҳолат баробар буд. Ҳамин тариқ, дар давоми соли гузашта зиёда аз 830,000 нафар аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳрум шуданд, ки зиёда аз нисфи онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад