МУВАФФАҚИЯТМеҳринисо 10 рӯз қабл аз тӯй фалаҷ шуд. Хайётӣ...

Меҳринисо 10 рӯз қабл аз тӯй фалаҷ шуд. Хайётӣ ва бофандагӣ бо як даст

-

Меҳринисо Маъруфзода

Меҳринисо Маъруфзода, маъюби гурӯҳи I-ум аст. Ӯ маъюб аз модар ба дунё наомадааст. Дар 18-солагӣ, ҳамагӣ 10 рӯз қабл аз тӯйи арусиаш фалаҷ шуда, аз роҳ рафтан бозмонд. Рӯзи 7 майи соли 2010 аз дарахт афтод, 17 май санаи тӯяшро мушаххас карда буданд.

Меҳринисо ҳоло 30 сол дошта, дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Ҳар ду пой ва як дасташ ҳаракат намекунад. Бо як даст ҷиҳозу ашёи зебое медӯзаду мебофад ва бо ҳамин минвол  рӯзгорашро таъмин мекунад.

Меҳринисо Маъруфзода, аз матоъҳо ҷузвдонҳои гуногун, болишт, чодарӣ, аз зарфҳои палстикӣ гулҳои ороишӣ таҳия мекунад. Маҳсулоташ харидор дорад. Қисмеро аз тариқи интернет мефурӯшад ва қисмеро харидорон аз манзилаш омада мебаранд. Дар чобарибиниҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ маҳсули дасташ ба намоиш гузошта мешавад.

«Кореро, ки ман анҷом медиҳам, дигар маъюбон низ аз ӯҳдааш мебароянд. Онҳо ҳунар омӯзанд ва нони хешро пайдо кунанд.»,-мегӯяд Меҳринисо.

Меҳринисо Маъруфзода соли 2010 бо садҳо орзу барои чодари арӯсияш аз риштаву муҳраҳои гуногун пешчодарӣ омода кард. Вале бо амри тақдир орзуҳояш амалӣ нашуданд. Ҳар боре ба пешчодарӣ менигарад, рӯзҳои омодагии қабл аз тӯй ба ёдаш мерасанд…

Меҳринисо ба наздикӣ дар Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Бохтар ба кор оғоз мекунад. ва ба ҳамтақдирони хеш ҳунар меомӯзонад. Ӯро зарур аст, ки аробаи маъбиашро бо ду даст ба ҳаракат дарорад. Аз сабаби онки як дасташ кор намекунад, барояш ин кор мушкил аст. Бинобар ин, мехоҳад хайрхоҳе барояш аробаи электрикӣ ҳадя намояд то ӯ ба кор бе кумаки касе расад.

Амонҷони Муҳиддин

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад