ҲАЁТИ СОЛИМРоҳбарияти “Равшан”-и Кӯлоб собиқ футболбози узбекистониашро аёдат кард

Роҳбарияти “Равшан”-и Кӯлоб собиқ футболбози узбекистониашро аёдат кард

-

Дар акс Сайриддин бо пероҳани рангаш бунафш. Акс аз шабакаи фейсбук
Роҳбарияти дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва довари тоҷик Сайёдҷон Зайнуддинов ба аёдати собиқ футболбози узбекистонии дастаи «Равшан» Сайриддин Ғафоров ба деҳаи Сари Осиёи вилояти Сурхандарё рафтаанд.
Вазъи сиҳати Сайриддин ногувор буда, рӯйи бистари беморист ва дуруст сухан гуфта наметавонад. Ӯ гирифтори бемории склерози паҳлӯии амиотрофӣ (Боковой амиотрофический склероз) буда, соли сеюм аст, ки ба ин ранҷ мубориза мебарад.
Сайриддин 3 фарзанд (ду духтар ва як писар) дошта ҳамроҳ бо падару модар зиндагӣ мекунад. Агарчӣ ҳамсар ва падару модараш аз ӯ хуб парасторӣ мекунанд, вале табобат Сайриддин масрафи зиёд дошта, ба дастгирӣ ниёз дорад.
Роҳбарияти дастаи “Равшан”-и Кӯлоб аз ҳисоби сарпарастони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба Сайриддин кумаки молӣ намуда, ваъда мекунанд, ки дар оянда боз ба собиқ футболбози худ кумаки бештар хоҳанд расонд. 
«Айни замон дар Тоҷикистон гурӯҳе аз мардуми хайрхоҳ аз ҷумла мухлисони футболи тоҷик барои Сайриддин аксия ташкил намудаанд, ки дар сурати ҷамъ шудани маблағ дӯстони мо ба айёдати ӯ ва дидорбиниаш мераванд.»,-навиштааст Диловар Қурбонов, як истифодабарандаи фейсбук.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад