МУВАФФАҚИЯТ“Дадои Умедҷон”-қаҳрамони маҳбуб дар Instagram

“Дадои Умедҷон”-қаҳрамони маҳбуб дар Instagram

-

“Дадои Умедҷон”- персонаже дар сегменти тоҷикии Instagram буда, айни ҳол дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҳама ӯро мешиносанд.

Персонажи “Дадои Умедҷон” офаридаи Саидакбар Акбарови 25-сола аст. Саидакбар дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм ду саҳифа – saeed -akbarov ва dadoi-umedjon-ро мудирият мекунад.

Саидакбар Акбаров моҳи июли соли 2020 дар Instagram саҳифаи худро боз ва то кунун тариқи он саҳнаҳои ҳаҷвиашро бо истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоӣ шарик месозад.

“Ҳама чиз ба таври ногаҳонӣ шуд. Баъди гузоштани нуҳ – даҳ саҳнаи ҳаҷвӣ мардум “Дадои Умедҷон”-ро ҳамчун персонажи мардумӣ хуб қабул карданд. Аз ҳамон замон фаъолияти блогерии мо оғоз гардид.”,- нақл мекунад Саидакбар Акбаров.

Се-чаҳор нақшро Саидакбар ба танҳоӣ иҷро мекунад ва наворбардорию танзим бар уҳдаи бародараш Саидамин аст.Ҳоло дар саҳифаи “Instagram”—и ӯ 159 ҳазор нафар обуна гардида, ҳудуди 170 ҳазор ҳаводор саҳнаҳои ӯро тамошо мекунанд.

Ҳадафи асосии блогери ҷавон хушҳол сохтани мардум ва тариқи ҳаҷв нишон додани мушкилиҳост. Инчунин мақсад гузоштааст, ки рӯҳияи мардумро ба ҳаҷви интилектуалӣ мутобиқ намояд.

“Саҳнаҳои мо ба мардум хеле писанд аст. Онҳо мунтазир меистанд, ки мо кай саҳнаҳои навро пешниҳод менамоем. Сенарияи саҳнаҳоро худамон менависем, ки аксарияташ аз ҳаёти воқеии мардум гирифта шудааст.”,- таъкид кард Саидакбар. – Моро аз панҷсола то ҳафтодсола тамошо мекунанд, ки ин гуна ҳаводорӣ моро барои пешниҳоди саҳнаҳои ҷадид талқин мекунанд. Бар замми ин, дар ҳеҷ саҳнаи мо дашному алфози қабеҳе нест.

Саидакбар Акбаров нақша дорад дар шабакаи YouTube низ муҳтавои ҷолибу фарқкунандаро пешниҳод намояд.

Ӯ ҳоло дар риштаи Management-и Донишгоҳи Сианаи Чин тариқи онлайн ба таҳсилаш идома медиҳад.

Маҳкамзода Маҳкам

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад