БИЗНЕС-КЛУБАз шишафурӯшӣ то тарабхонадорӣ. Саргузашти як тоҷири муваффақ (Видео)

Аз шишафурӯшӣ то тарабхонадорӣ. Саргузашти як тоҷири муваффақ (Видео)

-

Носир Мирзоро ҳоло ҷавонон ба сифати як соҳибкор, роҳнамо барои муваффақ шудан ва ресторатор мешиносанд. Аммо аксарият намедонанд, ки ӯ корро аз чӣ оғоз кард ва чӣ гуна муваффақ шуд.

Ӯ нақл мекунад, ки тиҷорати аввалинашро аз харид ва фурӯши зарфҳои шишагин оғоз намуд. Дари ҳар хонаро мекуфт, шиша мепурсид, харидорӣ ва дар ниҳоят яклухт мефурӯхт то замоне, ки дигар шиша дарёфт накард.

Мағозаи хурдеро низ бо мақсади фиттафурӯшӣ боз карда, дар ин самт низ худро имтиҳон кардааст…

Ҳоло тарабхонадорӣ мекунад ва муассиси чандин лоиҳаҳои муваффақ мебошад. Имрӯз соҳиби чандин нуқтаи ғизо дар Душанбе — ду қаҳвахонаи «Ҷӯҷаи бирён», Soho Bar, мантухона ва ғайра мебошад.

Акнун китоберо ба нашр расонид то тариқи он донишу таҷрибаи соҳибкориашро ба дигарон пешниҳод намояд.

Китоби ӯ «Компас Прорыва» (Қутбнамои пешрафт) ном дошта, ангезае барои муваффақият дар тиҷорату шахсият гуфта мешавад.

Носир Мирзо, соҳибкори муваффақ дар китоби худ, бо мисолзании таҷрибаи хеш ва намунаи ашхоси муваффақи дунё нишон медиҳад, ки ҳар нафар метавонад ба ҳадафи худ ноил гардад.

Китоби «Компас Прорыва» барои барои онҳое, ки дар ҷустуҷӯи худ ҳастанд ва орзуи ба даст овардани комёбиҳои бештарро мекунанд, тавсия дода мешавад  ва пеш аз ҳама китоб барои соҳибкорон нигаронида шудааст.

Хонандагон дар ихтиёри худ 12 боб бо 32 абзори қавӣ барои пешрафти воқеӣ доранд!

Ӯ Business Forum G5, ки 6 ноябр дар Кохи Суруш доир шуд, муфассал дар бораи саргузашташ қисса кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад