МУВАФФАҚИЯТФаррух Умарӣ: дар Исроил дарк кардам, ки ба барномасоз...

Фаррух Умарӣ: дар Исроил дарк кардам, ки ба барномасоз ниёз дорем!

-

Маркази омӯзишии  “Ilmhona” дар се соли фаъолият беш аз 300 барномасозу дизайнер омода кардааст.

Соли 2018 гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик маркази омӯзишиеро боз карданд, ки дар муҳлати кӯтоҳ барномасози касбии компютер омода мекунад.

Моҳи июни соли 2018  Фардавс Абдуназаров, Шуҳрат Шарифов ва Фаррух Умарӣ маркази омӯзишии  “Ilmhona”-ро дар шаҳри Душанбе таъсис доданд.

Фаррух Умарӣ, Директори маркази омӯзишии  “Ilmhona” мегӯяд, идеяи таъсиси чунин марказ баъди хатми донишгоҳи Оксфорд дар зеҳнаш пайдо шуд:

“Замони таҷрибаомӯзиам дар Исроил мушоҳида намудам, ки ин кишвар барномасозонро аз давлатҳои гуногун даъват мекунад ва бо ҷойи кору маоши хуб таъмин менамояд. Он вақт дарк кардам, ки дар замони муосир ин касб хеле зарурӣ аст. Ба ин хотир, тасмим гирифтам дар Тоҷикистон як маркази омӯзишӣ таъсис диҳам.”

Аз замони таъсиси марказ зиёда аз сесад нафар “Ilmhona”-ро хатм намудаанд, ки ҳудуди панҷоҳ нафари онҳо бо пешниҳоди “Ilmhona” дар ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ ба ҳайси барномасоз ва дизайнер ба кори доимӣ таъмин шудаанд.

Маркази “Ilmhona” дар се равия мутахассис омода мекунад:

  • Барномасозии WEB;
  • Сохтани барномаҳои мобилӣ;
  • Дизайн

Муҳлати таҳсил аз се то шаш моҳ буда, ҳамчунин маркази омӯзишии  “Ilmhona” барои нафароне, ки бо баҳои аъло ин ҷоро хатм мекунанд, имтиёз медиҳад. Агар маҷмӯи холи донишҷӯ дар имтиҳон аз 96 то 100 бошад маблағи пардохтаи ӯ пурра баргардонида мешавад. Хонандае ки дар имтиҳон аз 90 то 95 хол ба даст меорад, дар ин сурат, ба ӯ сертификат ва 75 дарсади маблағи таҳсил бозпас дода мешавад. Хонандагоне ки аз 70 то 84 бал мегиранд, сертификати “Ilmhona”-ро соҳиб мегарданд. Онҳое ки аз 70 хол кам мегиранд, ба ӯ онҳо ҳатто сертификати марказ дода намешавад.

Фаррух Умарӣ мегӯяд, ҳамарӯза барои пешниҳоди мутахассис аз ҷониби “Ilmhona” муроҷиат зиёд аст. Амо на ҳама ҳамеша хоҳиши онҳо қонеъ карда мешавад, зеро, талабгорон хеле зиёданд.

Шакли таҳсил ҳузурӣ ва онлайн аст. Моҳи августи соли равон дар шаҳри Истаравшан маркази омӯзишии  “Ilmhona” намояндагии хешро боз кард, ки ҳоло дар он ҷо панҷоҳ нафар таҳсил менамоянд. Масъулини Маркази омӯзишии  “Ilmhona” талош доранд, ки дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон намояндагиии хешро ифтитоҳ кунанд.

Маркази мазкур ҳамкории густарда бо мактаби барномасозии Read School -и шаҳри Сан — Фарнсисикои Амрико  дорад. Ҳамчунин борҳо масъулони ширкатҳои маъруфи дунё бо хонандагони Ilmhona мулоқот анҷом додаанд.

Фурқати Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад