ЗАБОНОМӮЗӢРектори ДФУ: 246 донишҷӯи тоҷикистонӣ дар донишгоҳ таҳсил доранд

Ректори ДФУ: 246 донишҷӯи тоҷикистонӣ дар донишгоҳ таҳсил доранд

-

Роҳбарияти Донишгоҳи федералии Урал зимни як ҷаласа дар Душанбе ҳавасмандии хешро аз қабули донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар ин донишгоҳ изҳор карданд.

Ректори Донишгоҳи федералии Урал, Директори иҷроияи Ассотсиатсияи хатмкардагон ва роҳбарияти Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи федералии Урал ахиран дар Душанбе аз вазъи хатмакардагони тоҷики донишгоҳҳои Урал бохабар шуда, ҳамзамон аз довталабон даъват кардаанд, ки дар донишгоҳҳои Урал таҳсил намоянд.

Ҳафтаи равон дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе ҷаласаи Ассотсиатсияи хатмкардагони се донишгоҳи Урал (Донишгоҳи федералии Урал, Донишгоҳи давлатии Урал ва Донишкадаи политехникии Урал) баргузор гардид.

Дар чорабинӣ дастпарварони Донишгоҳи федералии Урал аз Тоҷикистон ба ректори Донишгоҳи федералии Урал Виктор Кокшаров бобати чигунагии кору зиндагии хеш дар ватан иттилоъ доданд.

Виктор Кокшаров дар навбати худ, аз шароити кунунии донишгоҳ ва нақшаҳои минбаъдааш гуфтааст:

“Мо саъю кушиш менамоем, ки Донишгоҳи федералии Урал ба тоҷикистониён ва Тоҷикистон боз ҳам наздиктар бошад. Тибқи ҳисобҳо тақрибан 1000 хатмкардагони мо ҳоло дар Тоҷикистон кор мекунанд. Якҷоя бо ҳамкорони худ мо як қатор вазифаҳоро иҷро хоҳем кард: амалисозии лоиҳаҳои муштарак, чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамкорӣ бо шарикони наву собиқ тариқи шабакаи васеи хатмкунандагон.”

Виктор Кокшаров дар идомаи суханронии хеш қайд намудааст, ки як сафари хеле пурмаҳсуле ба Тоҷикистон дошт ва таваҷҷуҳи зиёди ҷониби Тоҷикистонро эҳсос кард:

“Дар рафти вохӯриҳо имконоти фаъолгардонии муносибатҳо баррасӣ шуданд. Вазифаи асосӣ зиёд кардани теъдоди донишҷӯёни Донишгоҳи федералии Урал аз Тоҷикистон мебошад. Амалишавии он талаботи ин кишварро ба кадрҳои соҳибихтисос таъмин хоҳад кард. Мо манфиатдорем, ки бо Тоҷикистон, бо мактабҳо, корхонаҳо ва донишкадаҳои он муносибатҳоямонро инкишоф диҳем. Донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи федералии Урал таҳсили босифат гирифта, оянда ба кишвари худ нафъи калон хоҳанд овард. Мо минбаъд низ ба кори роҳнамоӣ барои касбомӯзӣ миёни ҷавонони Тоҷикистон ва инчунин оммавӣ кардани забони русӣ дар ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир хоҳем кард.”,-таъкид кардааст ректори Донишгоҳи федералии Урал.

Айни ҳол 246 донишҷӯи тоҷикистонӣ дар Донишгоҳи федералии Урал таҳсил мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи федералии Урал яке аз донишгоҳҳои пешрафтаи Русия буда, соле қабл 100-солагиаш таҷлил шуд. Донишгоҳ аз замони таъсиси хеш барои соҳаҳои гуногун 384 ҳазор мутахассис омода намудааст.

Донишгоҳи федерали Урал ҳоло беш аз 36000 донишҷӯ, 4500 омӯзгор, 12 донишкада дошта, бо 500 донишгоҳи 62 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳ дар рейтинги QS World University Rankings дар ҷои 351-ум қарор дорад.

Forbes Донишгоҳи федерали Уралро миёни 100 донишгоҳи Русия дар зинаи 11-ум қарор додааст. Донишгоҳи федерали Урал дар раддабандии hh.ru аз рӯйи корёбии хатмкардагонаш дар мақоми аввал меистад.

Дар Донишгоҳи федерали Урал 4600 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 109 кишвари ҷаҳон таҳсил доранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роскомнадзор: YouTube дархости моро сарфи назар кард

Шабакаи YouTube сарфи назар аз талаботи Роскомнадзор, беш аз 60 ҳазор маводро, ки ин ниҳод ғайриқонунӣ медонад, ҳазф накарааст....

CAFA-2024: Эрон медали тиллоро соҳиб шуд

Championship CAFA 2024 байни дастаҳои занонаи то 18-сола ба поён расид. Дувумин мусобиқаи имсола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи...

Vivo X100s-ро тавонотарин смартфон меҳисобед?

Vivo X100s тавонотарин телефон дар назарсанҷиҳои чанд ширкат дониста шудааст. Маҳсулоти нав бо эҳтимоли зиёд нимаи аввали соли 2024...

Истеҳсоли Nokia 220 4G

Ширкати HDM дар Чин телефони нави тугмадори Nokia 220 4G 2024-ро муаррифӣ кард, ки USB Type-C дорад.  Nokia 220 4G...
spot_imgspot_img

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории...

Бори аввал. Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад