БОЛУмеда Суфиева: формулаи асосии забономӯзӣ хоҳиш аст!

Умеда Суфиева: формулаи асосии забономӯзӣ хоҳиш аст!

-

Умеда дар ҷойи кор. Аксҳо аз бойгонии қаҳрамон

Мо дар ҳар нашри барномаи «Бол» аз ҳаёту таҳсили як донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар мегӯем. Ин навбат ҳамсуҳбати мо нафарест, ки аллакай таҳсилро дар Олмон ба поён расонда, аз рӯи ихтисосаш фаъолият мекунад.

Мо бо Умеда Суфиева доир ба таҳсил, забондонӣ ва зиндагӣ дар Олмон сӯҳбат кардем.

Умеда ҳанӯз аз замони мактабӣ дидани Олмонро орз дошт ва забони олмониро бо шӯру шавқ меомӯхт. Ҳамин буд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии PAD миёни донандагони забони олмонӣ бо навиштани иншо дар мавзӯи «Қаҳрамон кист?» сазовори ҷои ифтихорӣ шуд.

Ӯ пас аз хатми мактаб ба Олмон рафт ва бо барномаи «Ausbilgung» дар соҳаи тандурустӣ таҳсилро оғоз кард. Ҳамзамон ба дармонгоҳе барои таҷриба андӯхтан ба кор рафт. Давоми таҳсилу кор бо ҷавони олмоние оила барпо кард.

Маросими издивоҷ

«Шукр ҳоло меваи зиндагии мо ду кӯдакамон ҳастанд. Кӯдаки якумам 2,5-сола буда, кушиш мекунад, ки бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва олмонӣ фикрашро баён кунад. Кӯдаки дуюмам ҳоло хурд аст.», — гуфт Умеда.

Умеда мегӯяд, волидони шавҳараш ба ӯ эҳтироми хос доранд ва пайваста хӯрокҳои тоҷикӣ дархост мекунанд. Махсусан, онҳо манту ва самбӯсаро ниҳоят дӯст медоранд.

Умеда 7 сол мешавад, ки дар Олмон аст ва бо аҳли оилааш ният доранд тобистони соли оянда ба Ватан оянд.

Умеда донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, туркӣ буда, ҳоло забонҳои арабӣ, фаронсавӣ, итолиёвӣ, испанӣ ва ҳиндиро меомӯзад.

«Формулаи асосии забономӯзӣ ин хоҳиш аст. Хоҳиш бошад, омӯхтани дилхоҳ забони хориҷӣ барои инсон осон мегардад ва ҳар вақте мо дар куҷо ва барои чӣ истифода кардани забонеро медонем, онро меомӯзем.», — афзуд ӯ.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Муовини вазир: барои донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат мекунанд, шароит фароҳам оварда шудааст

Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҷавонон,...

Натиҷаи бозии Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол»: 1:0

Дар доираи даври 13-уми Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Регар-ТадАЗ» рақобат сурат гирифт. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ...

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...
spot_imgspot_img

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад