МУВАФФАҚИЯТҶоми Клуби футболи «Истиқлол»: Вавилон пирӯз шуд

Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол»: Вавилон пирӯз шуд

-

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» ба анҷом расид, ки фонди ҷоизаи он 100 ҳазор сомониро ташкил медод.

Дар мусобиқа 26 даста ширкат карданд. Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи севум аз рӯи силсилаи пеналтӣ аз дастаи Шабакаҳои Барқӣ (1:1, 4:3) пурқувват буд.

Дар қувваозмоии ҳалкунанда, «Вавилон» аз мизбони мусобиқот — тими «Истиқлол» (2:1) қавитар буд.

«Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот, тими Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар ҷойи севум қарор гирифт, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда, 20 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ гирифт. Барандаи медали нуқраи мусобиқот тими “Истиқлол” 30 ҳазор сомонӣ дарёфт кард. Ғолиби мусобиқаи «Вавилон» бо ҷом, медалҳои тилло ва ҷоизаи пулӣ ба маблағи 50 ҳазор сомониро соҳиб шуд.»,-хабар медиҳад ФФТ.

Кумитаи тадорукот инчунин беҳтарин бозигаронро муайян карда, туҳфа тақдим намуд. Беҳтарин дарвозабо -Фирӯз Бозоров (Вавилон) дониста шуд. Шаҳзод Сулаймонов («Истиқлол») соҳиби ҷоизаи беҳтарин нишонзан гардид. Куҳансолтарин бозигари мусобиқа Саидасрор Саидов («Диёр Трэвел») буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад