МУВАФФАҚИЯТШавкатҷон Раҳимов соҳиби камарбанди асосии сайёра дар риштаи бокс

Шавкатҷон Раҳимов соҳиби камарбанди асосии сайёра дар риштаи бокс

-

Шавкатҷон Раҳимов қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF шуд. Ӯ дар муҳорибаи ахираш дар Абу-Даби барои унвони қаҳрамонии ҷаҳонии IBF дар вазни дуюм мубориза бурда, рақибаш Зелфа Бареттро шикаст дод.

Акнун Шавкатҷон номи худро дар таърихи бокси ҷаҳонӣ сабт намуда, камарбанди асосии сайёраро дар риштаи бокс соҳиб шуд.

Шавкатҷон Раҳимов дар рафти муҳориба тавонист ҳарифашро ҳамеша таъқиб кунад ва ӯро қад-қади ресмон ронад. Баррет дар ҳуҷумҳои ҷавобӣ фурсат ҷуст, вале ҳеҷ чизи хатарнок эҷод карда натавонист. Шавкат дар сонияҳои охири роунди 9-ум рақибашро ба накаут фиристод.
Шавкатҷон Раҳимов 14 августи 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) ба дунё омада, дар ҳайати тими бокси Тоҷикистон дар нимаи аввали солҳои 2010-ум, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, ғолиб ва ҷоизадори бисёр мусобиқоти байналмилалӣ аст.

Ӯ аввалин бор дар арсаи байналмилалӣ соли 2011 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон дар Остона баромад карда буд…

Дар соли 2017 ӯ унвони қаҳрамони Шӯрои бокси Авруосиё ва Уқёнуси Оромро ба даст овард.

Дар аввал рақибаш бояд Дэвид Сауседои аргентинӣ мебуд, вале ӯ ба меъёри вазни дувум ҷавобгӯ набуд. Бинобар ин, намояндаи Мексика Эмануэл Лопес (27-6-1) довталаб интихоб шуд. Бархӯрди байни онҳо тамоми 12 раунд давом кард, ки дар натиҷа доварон бо қарори якдиона пирӯзиро ба Раҳимов доданд.

Шавкатҷон Раҳимов соли 2018 унвони қаҳрамониро ҳимоя карда, бар зидди Малколм Классен (33-7-2) аз Африқои ҷанубӣ ва Робинсон Кастелланоси мексикоӣ бо нокаути техникӣ пирӯз шуд. Дар соли 2019 ӯ бори дигар унвони қаҳрамонии худро ҳифз кард ва пас аз даври чорум бар муштзани Африқои Ҷанубӣ Рофхива Маэму пирӯзиро ба даст овард. 

Шавкатҷон Раҳимов дар Африқои Ҷанубӣ Азинга Фузилеро дар раунди 8-ум бо нокаут шикаст дод ва ҳуқуқи ба муборизаи унвони қаҳрамонии IBF дар вазни сабукро ба даст овард.

Аксҳо аз Шабакаи интернет

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад