МУВАФФАҚИЯТБлогери тиббӣ. Алишер чӣ гуна довталабонро донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ...

Блогери тиббӣ. Алишер чӣ гуна довталабонро донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ мекунад?

-

Алишер Раҳимов

Алишер Раҳимов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буда, аз муассисаи мазкур бо ихтисоси духтури қалб фориғ шудааст. Акнун дар маркази омӯзишие барои омода кардани довталабони ин ришта талош меварзад. Ӯ мегӯяд, духтуре ҳаст, ки фаъолияти касбӣ намекунад, вале ба шавқмандон кумак мекунад то духтур шаванд.

Саҳифаи “Omuzishi tib” дар Instagram ва Tik-Tok ба ӯ тааллуқ дошта бо наворҳои кутоҳ дар бораи улуми биология, кимиё ва анови гуногуни бемориҳо иттилоъ медиҳад.

«Мақсад аз таҳияи наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ додан дар бораи бемориҳо, сабаби омилҳои хуруҷ, пешгирӣ ва табобати бемориҳо мебошад. Instagram ва Tik-Tok имконият медиҳанд, ки мухотабонро зиёд намоем ва донишҳои хешро бештар қисмат кунем.«, — мегӯяд ӯ.

Алишер аз кӯдакӣ орзуи табиб шуданро дошт. Солҳои донишҷӯӣ тасмим гирифт самти фаъолияташро каме тағйир диҳад, яъне, блогерӣ дар соҳаи тиб. Пас аз хатми мактаби олӣ ба хулосае омад, ки беҳтар аст муаллим бошад ва ба даҳҳову садҳо довталаб барои шомил шудан ба донишгоҳ ёрӣ расонад. Акнун 9 сол мешавад, ки Алишер ба бачаҳо аз кимиёву биология дарс мегӯяд ва довталабонро ба имтиҳоноти дохилшавӣ омода мекунад. 

«Барои омода кардани довталабон 10-11 моҳ лозим аст. Агар дар ин муддат довталаб дар дарсҳои мо иштирок кунад, ҳатман донишҷӯ мегардад. Дарсҳои мо аз рӯи барномаи махсус ба роҳ монда шуда, қисми зиёди саволу масъалаҳои имтиҳонотии Маркази милии тестиро фаро мегиранд.», — афзуд Алишер.

Дар маркази омӯзишӣ дарсҳо барои довталабон интерактивӣ буда, барои тамоми толибилмон фаҳмову шавқовар ҳастанд ва то кунун садҳо довталаб баъди гузаштани курсҳои омодагӣ дар ин маркази омӯзишӣ муваффақ шуданд, ки ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шаванд.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад